Дар Хатлон 1150 ақди никоҳ бекор шуд

Дар нуҳ моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 150 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ сабт шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта коҳиш ёфтааст.

Тавре аз шуъбаи асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ доданд, дар ҳамин давраи соли 2025 дар вилоят 1 ҳазору 419 ҳолати бекор кардани ақди никоҳ ба қайд гирифта шуда буд. Ба ин тартиб, имсол шумораи талоқҳо 269 ҳолат кам шудааст.

Ҳамзамон, дар нуҳ моҳи соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 16 ҳазор ақди никоҳ баста шудааст. Ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 17 ҳазору 749 ҳолат будааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, аз ҳама бештар ҳолатҳои бекор кардани ақди никоҳ дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ёвон, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва шаҳри Бохтар сабт шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *