Дар Душанбе хиёбони Саъдии Шерозӣ ба роҳи 8-хатта табдил меёбад
Дар Душанбе то охири соли 2026 татбиқи яке аз тарҳҳои бузурги таҷдиди инфрасохтори роҳҳои пойтахт оғоз мешавад. Дар доираи он хиёбони Саъдии Шерозӣ то ҳашт хатти ҳаракат васеъ гардида, эстакадаи дусатҳа бунёд ва пули автомобилгарди болои дарёи Душанбе, ки миёни сокинон бо номи «Мостопоезд» маъруф аст, аз нав сохта мешавад. Корҳои сохтмонӣ се сол идома хоҳанд кард.
Дар ин бора Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
13 октябри соли 2026 байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, консорсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии Heze Urban Construction Engineering Development Group Co., Ltd. (HUCG), инчунин Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе шартномаи иҷрои корҳои сохтмонӣ ба имзо расид.
Зери санад вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, директори генералии ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» Сафари Иқбол, намояндаи ширкати HUCG Сун Сяолей ва директори Гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе Маҳмадюсуф Раҳимзода имзо гузоштанд.
Ба иттилои вазорат, консорсиуми ҶСК «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва ширкати чинии HUCG дар озмун барои интихоби пудратчии лоиҳа ғолиб дониста шудааст.
Тибқи тарҳ, қитъаи хиёбони Саъдии Шерозӣ аз кӯчаи Н. Қарабоев то пули болои дарёи Душанбе пурра азнавсозӣ мешавад. Дар ин масир як гузаргоҳи дусатҳа ё эстакада низ бунёд хоҳад шуд.
Ҳамзамон пули автомобилгарди болои дарёи Душанбе дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, ки қаблан бо номи «Мостопоезд» маъруф буд, таҷдид мешавад.
Яке аз муҳимтарин тағйирот васеъ кардани хиёбон то ҳашт хатти ҳаракат мебошад. Дар баъзе қитъаҳои роҳ барои нақлиёти ҷамъиятӣ хатҳои алоҳида пешбинӣ шудаанд. Вазорати нақлиёт мегӯяд, ҳангоми сохтмон ва таҷдиди роҳ аз технологияҳои муосир истифода хоҳад шуд.
Ҳадафи асосии лоиҳа коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ, баланд бардоштани бехатарии ҳаракати ронандагону пиёдагардон ва кам кардани тамбашавии нақлиёт дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва кӯчаҳои ҳамшафати он мебошад.
Ин масир аз роҳҳои серҳаракат ва муҳими пойтахт ба ҳисоб меравад. Вазорати нақлиёт қаблан низ аз зиёд будани гардиши мусофирон, талаботи баланди аҳолӣ ба нақлиёти ҷамъиятӣ ва зичии ҳаракат дар масири хиёбони Саъдии Шерозӣ хабар дода буд.
Тибқи шартнома, корҳои сохтмонӣ се сол аз рӯзи имзои қарордод идома хоҳанд кард. Бо назардошти он ки санад 13 октябри соли 2026 имзо шудааст, корҳои асосӣ дар сурати риоя шудани ҷадвали пешбинишуда бояд то соли 2029 анҷом ёбанд.
Арзиши лоиҳа 28,4 миллион евро мебошад. Маблағгузорӣ дар доираи Созишномаи қарзӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд сурат мегирад. Ин созишнома 29 апрели соли 2025 ба имзо расидааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube


Шарҳ