Эмомалӣ Раҳмон дар Мастчоҳ корхона ва мактаби навро ифтитоҳ кард

30 март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Мастчоҳ иншооти истеҳсолӣ ва таълимиро мавриди истифода қарор дод.

Ба иттилои хадамоти матбуоти Президент, Сарвари давлат корхонаи истеҳсоли хишти сохтмонии «Ҷаъфар-2014»-ро ифтитоҳ намуд. Иқтидори он дар як шабонарӯз 80 ҳазор дона ва дар як сол зиёда аз 24 миллион дона хиштро ташкил медиҳад. Гуфта мешавад, тамоми равандҳои истеҳсолӣ дар корхона ба таври автоматӣ ба роҳ монда шуда, он барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва қонеъ намудани талаботи бозори маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин дар деҳаи Дӯстии ноҳия бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 ба истифода дода шуд. Иншоот бо саҳми сокинони чор деҳаи деҳоти Палдорак ва дастгирии соҳибкорону шахсони саховатпеша бунёд гардидааст.

Зимни мулоқот Эмомалӣ Раҳмон саҳми сокинонро дар сохтмони мактаб намунаи ибрат арзёбӣ карда, онро иқдоми ватандӯстона ва ғамхорӣ ба ояндаи насли нав номид.

Ифтитоҳи иншооти мазкур барои рушди соҳаи саноат ва беҳтар гардидани шароити таҳсил дар ноҳияи Мастчоҳ аҳамияти муҳим арзёбӣ мешавад.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *