Дар Душанбе як зан барои фолбинӣ ҷарима шуд

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз ошкор шудани як ҳолати нави фолбинӣ хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, сокини 36-солаи пойтахт Давлатова Марҷона бо гумони машғул шудан ба фолбинӣ дастгир шудааст. Гуфта мешавад, номбурда бо ламс намудани кафи даст гӯё ояндаи шаҳрвандонро “муайян карда”, ба онҳо «хушбахтӣ» ваъда медодааст.

Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки ӯ худро ҳамчун шахси дорои “қобилияти фавқулодда” муаррифӣ намуда, бо ин роҳ аз шаҳрвандон маблағ гирифта, онро ба манфиати худ истифода мебурдааст.

Вобаста ба ин ҳолат нисбати ӯ тибқи моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори суд ба андозаи 80 нишондиҳанда ҷарима таъин шудааст.

📱 Pressa.tj

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *