Кушта шудани фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Эрон тасдиқ шуд
Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон расман эълон кард, ки Дарёбон Алиризо Тангсирӣ, фармондеҳи нерӯҳои дарёии ин ниҳод кушта шудааст.
Дар баёнияи расмӣ, ки рӯзи 30 март нашр шуд, гуфта мешавад, Тангсирӣ ҳангоми “сомондеҳӣ ва тақвияти нерӯҳо, инчунин таҳкими сипари дифоии ҷазираҳо ва соҳилҳо” ҳадаф қарор гирифтааст. Ба иттилои манбаъ, ӯ бар асари ҷароҳатҳои вазнин ҷон бохтааст.
Пештар Вазорати дифои Исроил эълон карда буд, ки се рӯз қабл ба ӯ ҳамла анҷом додааст. Аммо ҷузъиёти бештар дар бораи макон ва шароити дақиқи ҳамла то ҳол ифшо нашудааст.
Дарёбон Алиризо Тангсирӣ 64 сол дошт ва аз моҳи августи соли 2018 фармондеҳи нерӯҳои дарёии Сипоҳи посдорони Эрон буд. Ӯ яке аз чеҳраҳои калидии сохтори низомии кишвар ба ҳисоб мерафт.
То кунун дар бораи таъйини ҷойгузини ӯ иттилое нашр нашудааст.
Ин ҳодиса дар пасманзари афзоиши танишҳо миёни Эрон ва Исроил сурат гирифта, метавонад ба вазъи амниятии минтақа таъсири ҷиддӣ расонад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ