117 000 сомонӣ ҷаримаи соҳибкор барои таҷлили зодрӯз
Суди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои таҷлили зодрӯзаш “дар доираи берун аз оила” ва нақзи қонуни танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст.
Дар ин бора мақомоти милитсияи Суғд иттилоъ дода, аз соҳибкор Амирҷон Холматов ном бурдааст. Номбурда 29 – сола ва сокини ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад.
Ба иттилои манбаъ, Холматов рӯзи 1-уми феврали соли ҷорӣ, тахминан соати 15:00 дар қаҳвахонаи шахсии худ маъракаи зодрӯз баргузор ва онро тавассути пахши мустақим дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.
Мақомот гуфтаанд, ки “чунин намоишкорӣ метавонад боиси пайравӣ шавад”.
Суд соҳибкорро дар асоси моддаи 481 (қисми 8)-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои нақзи талаботи қонун дар бораи танзими ҷашну маросим 117 ҳазор сомонӣ (1 ҳазору 500 нишондиҳанда) ҷарима бастааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ