Манзура Яъқубова: Отахон Латифӣ ҳамеша хоки ватанро бо худ мегардонид

“Дар пушти ҳар марди муваффақ зан меистад”. Ин гуфтаро борҳо хондаву шунидаам, вале дар таҷлили 90-солагии рӯзноманигор ва сиёсатмадор шодравон Отахон Латифӣ, ки 12-уми март дар Иттифоқи нависандагон баргузор шуд, дар симои ҳамсари эшон Манзура Яъқубова ин ҳақиқатро дарк кардам. Бинобар ин, пас аз маҳфил ба манзили эшон рафтам. Ба ҳамон хонае, ки 22-юми сентябри соли 1998 дари онро Отахон Латифӣ бори охир пӯшид ва дар саҳни ҳавлии он кушта шуд…   

Ишқ аз нигоҳи аввал

– Манзура Муҳсиновна, бо Отахон Латифӣ чӣ тавр шинос шудед?

– Отахон бо бародари ман Ҳамидҷон дар як вақт дар Донишгоҳи Ленинград ба номи Жданов таҳсил мекарданд. Отахон дар факултаи журналистика донишҷӯ буд, бародари ман аспиранти факултаи кимиё. Ҳамидҷон баъдан доктори илми кимиё, профессор шуд ва солиёни зиёд дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) фаъолият карда, мудири кафедра ва декани факултет буд. Афсӯс, ки дар синни 54-солагӣ аз олам гузашт… Ҳангоми таҳсил дар Ленинград Ҳамидҷон ҷамъияти донишҷӯёни тоҷикро роҳбарӣ мекард ва аз ҳамон ҷо бо Отахон шиносу дӯст мешаванд. Соли 1962 ман Донишкадаи (ҳоло донишгоҳ) тиббии Тоҷикистонро хатм кардам ва ҳамсабақон дар тарабхонаи “Помир” базм оростем. Баъди ҳамин зиёфат ба хона баргаштам, ки рӯйи кат ду нафар бо бародарам ва падарам нишастаанд. Яке Отахон ва дигарӣ Фарҳод – писари Абдусалом Деҳотӣ буданд. Ҳамон ҷо Отахон маро дида, маъқул мекунад. Чанд рӯз баъд падару модарам ба муносибати донишгоҳро хатм кардани ман зиёфат оростанд ва Отахон бо Фарҳод он ҷо даъватӣ буданд. Ҳамон шаб Отахон қавл медиҳад, ки ба ҳар қимате ин духтар моли ман мешавад. Баъдан маро падарам ба “Зимчурӯд” барои истироҳат фиристоданд. Вале баъди ду рӯз амакам омада гуфтанд, ки бояд ба хона биёӣ. Омадам, ки хостгорон нишастаанд – Зиёдулло Шаҳидӣ, модари Фарҳод ва модари Отахон аз Панҷакент. Онҳо ҳамаро аллакай ҳал карда буданд… Ҳамин тавр, баъди як моҳ, 5-уми сентябр аз қайд гузаштем ва 8-ум тӯй шудем…

Манзура Яъқубова, ҳамсари Отахон Латифӣ

– Шумо ҳамин тавр ба осонӣ розӣ шудед?

– Ман дигар роҳ надоштам. Он солҳо чунин буд, ки муқобили падару модар намерафтем. Албатта, нақшаҳои ман дигар буданд. Ба кори илмӣ машғул шуданӣ будам. Дар вақти донишҷӯйӣ чанд бор хостгорон омаданд, вале падару модарам рад карданд. Аммо Отахонро даррав писандида буданд. Ҳамидҷон мегуфт, ки “эҳтиёт шав, ба нафаре оиладор мешавӣ, ки Марксро азёд медонад”. Шояд ҳамин омилҳо буданд, ки дар ман ҳам эҳсос пайдо шуд, ки муқобилият нишон надодам.

Отахон боғурур буд

– Он вақт Латифӣ дар куҷо кор мекард?

– Ҳоло кор намекард. Дар курси чорум мехонд. Ман донишкадаро хатм карда будам ва ба ординатураи клиникӣ қабул шуда будам. Вале пас аз оиладоршавӣ маро ба ординатураи клиникӣ ба Институти бемориҳои кӯдаконаи Ленинград ба кафедраи ЛОР фиристоданд. Ҳамин тавр, баъди тӯй барои идомаи таҳсил рафтем. Мо дар хобгоҳҳо алоҳида зиндагӣ мекардем. Чун бародарам аспирант буд, бо ҳамсараш дар як ҳуҷра буданд. Ман бо онҳо зиндагӣ мекардам. Отахон дар хобгоҳ бо бачаҳо. “Моҳи асал”-и мо чунин гузашт. Ман вақте ҳомила шудам, баргаштам, чун шароит набуд. Ба бародараму ҳамсараш халал мерасонидам. Ҳаво ҳам сард буд. Бо вуҷуди он ки аз кафедра намехостанд ҷавоб диҳанд ва маро дар аспирантура монданӣ буданд, баргаштам. Дере нагузашта Отахон донишгоҳро пеш аз муҳлат хатм карда омад.

– Дар Душанбе зиндагиатон чӣ тавр ҷараён гирифт?

– Ман фарзанди хурдӣ будам ва волидайнам дар ҳавлӣ танҳо зиндагӣ мекарданд. Вале Отахон “ман хонадомод шудан намехоҳам” гуфту бо онҳо зиндагӣ кардан нахост. Бисёр боғурур буд. Мо дар кулбачаҳо иҷора менишастем. Он замон мисли ҳозира хонаҳо иҷора дода намешуданд, фақат кулбачаҳо буданд, ки шароити бад доштанд. 5-6 кулба иваз кардем. Пул ҳам надоштем. Ман кӯрпаву кӯрпачаҳоеро, ки модарам дӯхта, вақти арӯсӣ дода буданд, ба соҳибхонаҳо медодам, ба ҷойи иҷорапулӣ. Ҳамин хел оғоз кардем зиндагиро. Отахон дар нашриёти “Ирфон” кор мекард, ман бошам, дар бемористон. Маошамон базӯр мерасид. Ман духтаре будам, ки дар беҳтарин шароит ба воя расидам. Падари ман роҳбари дорухонаҳои ҷумҳурӣ буданд, модарам ҳам мудири яке аз дорухонаҳо. Мо дар хонаамон ҳамеша ёрдамчӣ доштем. Аз чунин зиндагӣ якбора ба чунин шароити вазнин афтодам.

– Чӣ шуморо водор мекард, ки дар чунин шароити вазнин зиндагӣ кунед?

Зиндагӣ чунин буд. Ман ба шавҳар баромадам, вазифадор будам, ки дар паҳлуйи ӯ бошам. Он вақт чунин буд: сабр куну зиндагӣ кун! Мо аз шавҳарҳоямон чизе талаб намекардем, хона, мошин дар тасаввури мо ҳатто набуд. Чунин тарбия доштем. Дигар ин ки Отахон марди хуб буд, меҳрубон буд, ҳамдигарро дӯст медоштем ва зиндагӣ мекардем. Баъдан, вақте ӯ ба Кумитаи марказии комсомол ба кор гузашт, ба мо дар “Жилмасив” қатори дигар кормандони комсомол хонаи дуҳуҷрагӣ доданд, 24 метри квадратӣ. Ман фикр кардам, ки ба биҳишт афтодам, зеро гарм буд, газ дошт. Дар он ду кӯдаки ман ба воя мерасиданд…

То “Правда”

– Шуҳрати журналистӣ ба Отахон Латифӣ кай омад?

– Отахон аввал ба “Комсомолец Таджикистана” гузашту як муддат кор кард. Вале бо сармуҳаррири рӯзнома Борис Пшеничний гапашон гурехту ариза навишта аз кор рафт. Ӯ ҳақталаб буд, ба ноадолатӣ тоб намеовард, мубориза мебурд. Баъдан ба “Комсомоли Тоҷикистон”, ки сармуҳаррираш инсони хуб – Абдулло Зокир буд, ба кор гузашт. Соли 1966 Отахон ба сафари хизматӣ ба Бадахшон рафт ва як очерк таҳти унвони “Памир без эмоции” навишт. Отахон аслан ба забони русӣ менавишт, чунки мактаби миёна ва донишгоҳро ба забони русӣ хонда буд. Очерк ба забони тоҷикӣ дар “Комсомоли Тоҷикистон” чоп шуд. Абдулло Зокир пешниҳод мекунад, ки шакли русии ин очеркро ба Москва ба “Комсамольская правда” фиристанд. Ҳамин тавр, очерк дар ин рӯзномаи бонуфуз чоп шуд. Ва сармуҳаррири ин рӯзнома Борис Панкин Отахонро ба кор даъват кард. Ба ҳайси мухбир дар Осиёи Миёна ва Қазоқистон. Ҳамин тавр, Отахон шуҳрат пайдо кард. Аз соли 1973 хабарнигори махсуси “Правда” дар Тоҷикистон таъйин шуд ва 16 сол кор кард… 

– Барои шумо душвор набуд ҳам нигоҳубини кӯдакон, ҳам кор, ҳам дифои рисолаи номзадӣ? Чун шавҳаратон ҳамеша дар сафари хизматӣ буданд. 

– Албатта, осон набуд. Дар аввал падару модарам кумак мекарданд, баъдан ҳамсояи хубе доштем, ки ёрӣ мерасонид. Отахон вақте дар хона буд, ба ман кумак мекард. Ӯ шавҳари хуб ва падари хуб буд. Баъдан ба мо дар хиёбони Ленин, ҳоло Рӯдакӣ хонаи сеҳуҷрагӣ доданд. Зиндагӣ беҳтар шуд. Ман ҳам ба корам идома медодам. Он солҳо аз кадрҳои маҳаллӣ табибон кам буданд, махсусан бонувон. Нафаре, ки он замон кафедраи бемориҳои гӯшу гулӯву бинӣ (ЛОР)-ро роҳбарӣ мекард, маро барои дохил шудан ба аспирантура иҷозат намедод. Ҳол он ки ҳам мақолаҳои илмӣ менавиштам, ҳам ҷарроҳӣ мекардам, ҳам ташхису табобат. Билохира хоҳари бузургам Мунира, ки дар 37-солагӣ доктори илм, профессор ва мудири кафдераи бемориҳои кӯдакона буд, ба ман мавзуъ дод. Ҳамин тавр, оид ба пайванди бемориҳои нефрология ва оторенгология рисола навиштам, дифоъ кардам…

Тарки Ватан

– Соли 1989 Латифӣ ба кори давлатӣ гузаштанд ва ҷонишини раиси Шурои вазирони Тоҷикистон шуданд. Баъдан, дар солҳои 90-ум ба сиёсат пайвастанд. Шумо ба ин чӣ назар доштед?

– Ман ҳамеша зид будам. Гарчанде фаъолияти рӯзноманигорӣ худ сиёсат аст ва Отахон як умр дар дохили сиёсат буд. Аммо ӯ эҷодкор буд ва касбашро дӯст медошт. Ман табиб ҳастам ва корҳои давлативу сиёсиро дӯст намедорам. Вақте дар замони донишҷӯйӣ аз пахта сарпечӣ кардам, маро аз комсомол хориҷ карданӣ шуданд. Дилам хунук шуд, ки ҳатто узви партия нашудам. Ман табобат, ҷарроҳӣ ва шогирд тарбия мекардам. Аз пайи фарзандонам будам. Вале ба корҳои шавҳарам дахолат намекардам. Вақте гирудорҳои сиёсӣ дар кишвар оғоз шуд, ӯро куштанӣ шуданд. Ӯ маҷбур шуд, ки равад. Ҳатто вақте ӯ мерафт, тайёраро чанд соат нагузоштанд парвоз кунад. Ман дар ҳуҷраи ӯ нишаста, ҳар лаҳза занг мезадам, ки тайёра парвоз кард ё не? Баъд аз он ки хабари парвозашро фаҳмидам, дилам ором шуд.

– Ин воқеа соли 1992 буд?

– Бале. Отахон ба Теҳрон парвоз кард…

– Шумо ҳам аз пайи шавҳаратон рафтед?

– Бале. Аввали соли 1993. Шароити кишвар вазнин буд. Ман аз ҳеҷ чиз не, аз зӯровариву таҷовуз метарсидам. Маро аз вазорат барои рафтан ҷавоб доданӣ набуданд. Он вақт вазир Аламхон Ахмедов буданд. Назди оқои Шабистарӣ, ки сафири Эрон буданд, маслиҳатпурсӣ рафтам. Эшон Отахонро эҳтиром мекарданд. Он кас як нома навиштанд, ки гӯё ман барои курси бозомӯзӣ меравам. Ҳамин тавр, имкони рафтан пайдо кардам.

Манзура Яъқубова бо фарзандонаш Алихон ва Латиф

– Дар чӣ шароите Тоҷикистонро тарк кардед?

– Писари дуюмамон Латиф ба Санкт-Петербург рафта буд. Ман ҳамроҳи фарзанди калонӣ Алихон азми сафар кардем. Насаби Алихон Латифӣ буд, ки баромаданашро аз кишвар душвор мекард… Отахон фармуда буд, ки барояш китоб барам… Ҳамин тавр, хонаро қулф кардам, каме либосҳои зарурӣ ва асосан китоб, мошинкаи чопӣ ва рисолаи номзадии Алихонро, ки ҳоло дифоъ накарда буд, ҳамроҳ гирифему ба қатора нишастем. То Туркманистон чанд бор маро парронданӣ шуданд. Чун ҷомадонҳои мо вазнин буд, хаёл мекарданд чизҳои гаронбаҳо мебарем. Вале вақте боз мекарданд, ҳайрон мешуданд. Хулоса, мо рафтем ба Туркманистон. Дар он ҷо профессор Куртов, ки ҷарроҳи қалб буд ва бо ӯву ҳамсараш дар Ессентуки шинос шуда будам, маро пешвоз гирифт. Дӯсти Отахон, ки ҷонишини вазири корҳои хориҷии Туркманистон буд, моро ба Теҳрон фиристод.

– Чанд сол дар Теҳрон будед?

– Бори аввал 7 моҳ. Аз феврали соли 1993.

– Чӣ рӯзгор доштед дар он рӯзгори гурезагӣ?

– Рӯзгорамон сангин буд. Донишманди эронӣ, доктор Фаридуни Ҷунайдӣ, ки худаш низ рӯзгори душвор дошт, моро ба хонааш қабул кард. Дар таҳхонааш китобхона дошт, мо он ҷо зиндагӣ мекардем. Ман ба хонумаш дар корҳои хона кумак мекардам. Ман ба ниҳодҳои тандурустии Эрон муроҷиат карда, имтиҳон супоридам ва барои кори табибӣ иҷозатнома гирифтам.

– Латифӣ дар Теҳрон ба чӣ кор машғул буданд?

– Отахон мехост маҷаллае таъсис диҳад бо номи “Эрон”. Он вақт Русия як маҷалла нашр мекард бо номи “Америка”. Маслиҳат шуда буд, ки маҷалларо Маскав маблағгузорӣ мекунад. Мо маводи ду шумораро омода кардем. Алихон ва падараш мавод ҷамъ мекарданд, ман дар мошинка чоп мекардам, вале Москва пул надод… Ҳамин тавр, рӯзгорамон бисёр душвор сипарӣ мешуд. Писари хурдиамон Латиф ҳамон солҳо дар Санкт-Петербург ба тиҷорат машғул шуд ва вақте каме маблағ пайдо кард, моро даъват намуд. Ҳамин тавр, ба Русия кӯчидем.

Музокироти сулҳи тоҷикон

– Чӣ шуд, ки Отахон Латифӣ баъди тарки Ватан боз ба кори сиёсӣ машғул шуданд ва аз ҷониби мухолифин вориди музокирот гардиданд?

– Дар Санкт-Петербург ду нафар аз намояндагони мухолифин омада, Латифиро ба Москва даъват карданд. Ман зид будам, зеро нав зиндагиамон ба як маҷро даромада буд. Худи Отахон ҳам аввал розӣ нашуд. Вале боз чизе шуду бо онҳо рафт. Дар Маскав Шурои ҳамоҳангсозии мухолифин ва Фонди кумак ба муҳоҷиронро бо номи “Умед” таъсис дод. Ва ҳамин тавр аз ҷониби мухолифин вориди музокироти сулҳи тоҷикон шуд. Маро ҳам омада бурд. Дар Москва, дар поликлиникаи кӯдакона ба кор даромадам ва шуъбаи ҷарроҳӣ боз кардам. Отахон саргарми корҳои сиёсӣ ва музокирот буд.

– Чӣ сабаб чӣ шуд, ки Латифӣ дигарбора ба Теҳрон баргаштанд?

– Отахон бемории астма дошт. Дар сардии Москва ҳолаташ бад шуд. Ӯ, ки узви Иттифоқи нависандагон ва рӯзноманигорони ИҶШС буд, чанд бор дар беморхонаҳои ҳукуматӣ табобат кардем, вале саломатиаш нағз нашуд. Сабаби дигар ин аст, ки дар давраи аввали музокирот ба ҷонаш сӯйиқасд сурат гирифт. Ӯ даври аввалро роҳбарӣ мекард, Нуриву Тӯраҷонзода нарафтанд. Қотилон ба пушти сараш мезананд ва фикр мекунанд, ки мурда бошад, бинобар ин, мераванд. Вале ҳамсоя ӯро кашола карда меорад. Ман ба ӯ гуфтам, ки биё ба ягон кишвари авпрупоӣ равем, зеро Москва ҳам амн набуд. Гуфт, ки ман ин равандро оғоз кардам, бояд онро хотима диҳам. Отахон ҳамеша дар орзуи сулҳ ва баргаштан ба Ватан буд. Вай дар халтача як каф хоки Тоҷикистонро бо худ мегардонид. Ман он хокро дар ҳамон халтача то ҳоло нигоҳ медорам…

– Яъне Латифӣ дар давраҳои баъдии музокирот аз Теҳрон меомаданд?

– Бале. Дар Теҳрон ҳам гуфтушунид сурат мегирифт. Баъди Теҳрон рафтани Отахон ман як муддат дар Москва мондам. Латифро хонадор кардам, ба нафақа баромадам ва боз рафтам назди шавҳарам, ки танҳо набошад. Бо ӯ ба ҷаласаҳои музокироти сулҳ мерафтам. Лаҳзаи имзои созишномаи истиқрори сулҳ дар Москва, дар “Президент отел” он ҷо будам. Мо ҳама пушти дар интизор будем. Ва вақте ҳама хурсанд баромаданд, гиря мекардем. Он лаҳзаҳо фаромӯш намешаванд. Баъди таъсиси Комиссияи оштии миллӣ Латифиро ба Душанбе даъват карданд. Он кас омаданд. Маҳали кору зиндагиашон меҳмонхонаи “Вахш” буд. Баъди чанд вақт ман ҳам баргаштам.

– Дар муҳоҷират кӣ ба шумо кумак мекард?

– Ҳеҷ кас. Нурӣ ва Тӯраҷонзода ба мо як тин надоданд. Ёдам меояд, ки Отахон ва ман бояд дандон мекардем. Рафтем назди Нурӣ. Ӯ гуфт, ки ба Отахон маблағ медиҳем, ба ту не. Мо ҳайрон шудем. Вақте омадем ба назди духтури дандон, вай гуфт, ки чун шумо ҳамкасби мо ҳастед ва муҳоҷир, мо бо ними нарх дандонатонро табобат мекунем. Ҳамин тавр, бо пули як нафар ба ду нафар дандон кардем.

– Яъне Латифӣ бе маблағ кор мекард?

– Бале. Бе як тин. Хоҳарам ин ҷо хонаву ҳавлии моро иҷора дода буд. Бо ҳамин маблағ зиндагӣ мекардем.

– Вақте баргаштед, зиндагиатон чӣ тавр ҷараён гирифт?

– Ман вақте омадам, хона валангор буд. Ҳама чизро дуздида бурдаанд, мошинро ҳам дуздидаанд. Ман омада таъмирро сар кардам, зеро куҷое будам, барои зиндагии бароҳат шароит муҳайё мекардам. Отахон бепарво буд. Мегуфт, ки ҳеҷ чиз лозим не. Як миз ва кати раскладушка бошад, шуд. Вақте дар Москва ба иҷорахонаи навбатӣ кӯчидем, ба як хона даромадам, ки як миз дошту як раскладушка. Ман гуфтам, “нияти нағз ними давлат”. Мана, орзу кардӣ, ба ин орзу расидӣ.

– Дар Москва ва Теҳрон, ки азоб мекашидед, боре ба Латифӣ гуфтед, ки бо айби ту азоб кашидем?

– Не. Ҳеҷ гоҳ.  

Баъди Латифӣ

– Субҳи 22-юми сентябри соли 1998, ки Отахон Латифиро куштанд, шумо дар куҷо будед?

– Ман ҳар субҳ ӯро ба кор гусел мекардам. Он саҳар чӣ хеле худамро нағз ҳис намекардам. Гуфтам, ки туро гусел карда наметавонам. Гуфт, ки бихоб, худам меравам. Аз дар баромаду баъди 10 дақиқа телефон занг зад. Гӯширо бардоштам, ки ҳамсоя фарёд мезад, ки ба ҳавлӣ дав. Рафтам, ки аллакай мурдааст. Он саҳар на ронанда омада буд, на нигаҳбон…

– Қотилон пайдо шуданд?

– Намедонам. Як бор маро ҷеғ заданд. Рафтам, ки як бача нишастааст. Муфаттиш ба ман гуфт, ки ту шоҳидӣ деҳ, ки ин кушт. Ман гуфтам, ки шумо маро аблаҳ гумон мекунед? Ин бачаи одам. Ин куштори сиёсӣ, инро ҳеҷ гоҳ пайдо намекунед…”. Дигар маро ҷеғ назаданд, фақат Алихон ба мақомот равуо мекард. 

– Пас аз Латифӣ чӣ тавр зиндагӣ кардед?

– Вақте Отахон фавтид, мо як тин пул надоштем. 500 доллар сафири Эрон кумак кард. Ва Созмони Милали Муттаҳид 500 доллар бар ивази кадом кори Отахон ҳақи қалам дод. Вақте ҷасади Отахон дар хона рӯйи тахта буд, Нурӣ ва Тӯраҷонзода омаданд. Тураҷонзода зуд рафт. Нурӣ ба ман 100 сомонӣ дароз кард. Ман гуфтам, ки мо ба пул ниёз надорем… Вақте китоби аввали ёдномаи Отахонро чоп кардам, ба Нурӣ бурдам. 100 доллар дароз кард. Ман гуфтам, ки инро туҳфа овардам ба шумо, фурӯхтанӣ не… Ҷанозаи Отахонро ҳукумат гузаронид, вале маъракаҳоро худам гузаронидам, касе кумак накард. 28 сол шуд Отахон бо мо нест, вале ман ҳар зодрӯз ва рӯзи маргаш мулло ҷеғ мезанам, дуову фотеҳа мехонам ва миз ороста, дӯстонамон ва хешу таборро ҷеғ мезанам. Ду китоби хотирот нашр кардам. Худи маро бошад, кор наҷот дод. Ман ба кафедра нарафтам. Дар дармонгоҳи 1 духтури одӣ шудам, баъдан дар беморхонаи “Шифо” кор кардам. Баъдан ба маркази ташхис маро ба кор ҷеғ заданд, ки то 5 соли пеш он ҷо фаъолият доштам… Яъне худамро ба кор бахшидам.

– Фарзандону набераҳои шумо ва Отахон Латифӣ чӣ рӯзгор доранд?

– Алихон биолог, номзади илм аст. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист то ба вазифаи ҷонишин кор кард. Чандин сол раиси Ассотсиатсияи шикорчиён буд. Ҳоло дар барномаҳои байналмилалӣ кор мекунад. Латиф дар Ленинград факулати забонҳои арабиву англисиро хатм кард. Пас аз нооромиҳо дар Вазорати корҳои хориҷӣ кор кард. Як муддат дар Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО кор кард. Баъдан ба Амрико кӯчид ва ба фаъолияти журналистӣ машғул шуд. Аз ду фарзандамон 7 набера дорем.

Мусоҳиб: Одил Нозир

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *