Аз $ 238 млн то $ 912 млн. Афзоиши тиҷорат байни Тоҷикистону Ӯзбекистон

Солҳои охир робитаҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон афзоиш ёфтааст. Аз соли 2017 то 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду кишвари ҳамсоя аз 238 миллион доллар то 912 миллион доллар расидааст. Таҳлилгарон ба ин назаранд, ки дурнамои ҳамкории минбаъда низ умедбахш аст.

Дурнамои ҳамкории ду кишвар

“Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави иттифоқчигӣ ва ҳамкории минақавӣ” – таҳти чунин унвон чанде пеш дар шаҳри Тошканд конфронси илмӣ-амалии байналмилалӣ доир гардид. Конфронс аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии Осиёи Марказӣ ва Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон созмон дода шуд. Намояндагони сохторҳои давлатӣ, корпуси дипломатӣ, коршиносон ва доираҳои академии ду кишвар дар он ширкат варзиданд.

Дар конфронс зикр шудааст, ки аз соли 2017 то 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 3,8 баробар афзуда, аз 238 миллион доллар то 912 миллион доллар расид. Воридот ба Тоҷикистон 3,7 баробар ва содирот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон зиёда аз 4 баробар зиёд шуд.

Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон

Хайриддин Усмонзода, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон дар конфронс изҳор доштааст, ки таҳкими муносибатҳои иттифоқӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон омили муҳими таъмини субот ва рушди устувори Осиёи Марказӣ мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ байни ду кишвар пайваста густариш ёфта, соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиёту логистика, энергетика, маориф ва фарҳангӣ-гуманитариро фаро мегирад.

Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон

Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Ӯзбекистон гуфтааст, ки агар Тоҷикистон воридоти худро аз кишварҳои сеюм бо маҳсулоти Ӯзбекистон иваз кунад, гардиши мол метавонад боз 30-40% афзоиш ёбад. Ин омил барои густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва афзоиши рақобатпазирии ду кишвар аҳамияти стратегӣ дорад.

Таҳлили конфронс нишон додааст, ки рушди ҳамкории саноатӣ, бахусус дар бахши кишоварзӣ ва логистика, беҳбуди зерсохтори нақлиёт нақши муҳими афзоиши гардиши мол ва ҳамкории иқтисодиро мебозад.

Акрамҷон Неъматов, муовини аввали роҳбари Пажӯҳшгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва минтақавии назди Президенти Ӯзбекистон пешниҳод намудааст, ки байни ду кишвар фазои умумии истеҳсолӣ-технологӣ бунёд карда шавад. Ин иқдом коҳиши вобастагӣ аз таҳдидҳои беруна, иваз кардани воридоти гаронбаҳо ва баланд бардоштани рақобатпазириро имконпазир мекунад.

Рушди ҳамкории ду кишвар дар бахши кишоварзӣ ва энергетика самаранокии иқтисодиро зиёд мекунад. Бунёди кластерҳои кишоварзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ хароҷоти логистикаро коҳиш ва содироти маҳсулоти кишоварзиро афзоиш медиҳад.

Парвариши пахта метавонад камтар манфиатовар бошад. Ба ҷойи он метавон зироатҳои дорои даромади баланд, мисли чормағз, бодом ва сабзавот парвариш кард.

Интиқоли технологияҳои рақамӣ ва заминдории дақиқ дар бахши кишоварзӣ, ҳамчунин сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии хурд, барқи офтобӣ ва бодӣ барои беҳтар истифода шудани захираҳои об ва самаранокии энергетикӣ муҳим аст.

Дар конфронс дурнамои ташаккули модели нави муносибатҳои ду кишвар ва ҳадафҳои дарозмуддат низ баррасӣ шудааст. Афзоиши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ на танҳо иқтисоди ду кишвар, балки устувории тамоми минтақаи Осиёи Марказиро тақвият мебахшад.

Корхонаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон

Ҳоло дар Ӯзбекистон корхонаҳо бо сармоягузории Тоҷикистон кам нестанд. Дар шаш моҳи охири соли гузашта 53 адад афзудаанд.

Дар маҷмуъ, теъдоди корхонаҳое, ки бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба 410 адад расидааст.

Бино ба иттиллои Кумитаи омори Ӯзбекистон, аз теъдоди умумӣ 308 корхона пурра бо сармояи Тоҷикистон фаъолият мекунанд ва 102 адади он корхонаҳои муштарак мебошанд.

144 корхонаи дар ин кишвар бо сармояи Тоҷикистон фаъолиятдошта дар бахши савдо будаанд. Корхонаҳои дигари Тоҷикистон дар ин кишвар аз рӯйи соҳаҳои фаъолият чунин тақсимбандӣ мешаванд: 89 адад дар бахши саноат, 43 адад дар бахши сохтмон, 33 адад дар бахши иттилоот ва алоқа, 23 адад дар бахши хадамоти манзил ва озуқаворӣ, 16 адад дар бахши нақлиёт ва нигоҳдорӣ, 11 адад дар бахши тандурустӣ ва хизматрасонии иҷтимоӣ.

Тибқи омори нашркардаи мақомоти Ӯзбекистон, теъдоди корхонаҳое, ки бо сармоягузории Тоҷикистон дар ин кишвар фаъолият мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад.

Ин омор нишон медиҳад, ки Тоҷикистон аз рӯйи раддабандӣ байни кишварҳое, ки бо сармояашон дар ин кишвар корхона боз кардаанд, дар зинаи ҳаштум қарор дорад. Бино ба маълумоти оморӣ дар Тоҷикистон бошад, зиёда аз 70 корхона бо сармояи Ӯзбекистон кор мекунад.

Имтиёзҳо ва дастгириҳои давлатӣ дар Ӯзбекистон заминаи устувор фароҳам овардаанд, ки соҳибкорони Тоҷикистон фаъолияти худро идома диҳанд. Афзоиши ҳамкории тиҷоратӣ ва рушди саноату кишоварзӣ дурнамои ҳамкории ду кишварро стратегӣ ва умедбахш месозад.

Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *