Насби ҷароғақҳои рақамӣ дар Ҷайҳун
Дар роҳҳои мошингарди маркази ноҳияи Ҷайҳун ба хотири коҳиш додани садамаҳои нақлиётӣ ва танзими ҳаракати он ҷароғакҳои рақамии муосир насб карда шудааст.
Аз мақомоти маҳаллӣ гуфтанд, ки иқдоми мавриди назар бо ташаббуси Ализод Азизулло Муҳибулло, раиси ноҳияи Ҷайҳун ва саҳми сокинону фаъолон амалӣ шудааст.
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, ин бори аввал аст, ки дар ноҳияи Ҷайҳун чароғакҳои муосири рақами насб карда мешавад.
Бо амалӣ шудани ин ташаббус, минбаъд ҳаракати мунтазами нақлиёт таъмин гардида, садамаҳои нақлиётӣ коҳиш ва тамбашавӣ бартараф мегардад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар нишасти хабарӣ вобаста ба фарсуда ва корношоям будани чароғакҳои роҳ суол пешниҳод шуда буд. Бо гузашти бештар аз ду моҳ ин мушкил бо мусоидати роҳбарияти ноҳияи Ҷайҳун ба пуррагӣ бартараф карда шуд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ