Ифтитоҳи Маркази инноватсионӣ ва зеҳни сунъӣ дар Хуҷанд
Дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ифтитоҳ ёфт. Ин марказ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон қарор дорад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо донишҷӯён онҳоро ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шудааст, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

“Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад”,-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, ки дар назди донишгоҳ таъсис ёфтааст, ҳамчун як платформаи муосири инноватсионӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар кишвар хизмат менамояд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ