Дар Душанбе фестивали «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мегардад
Дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе ҷашнвораи бузурги «Dushanbe Navruz Fest» баргузор мешавад. Чорабинии фарҳангию фароғатӣ рӯзи 4 апрел, соати 15:00 оғоз мегардад.
Тавре аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд, фестивал бо дастгирии шаҳрдорӣ баргузор шуда, барномаи он силсилаи чорабиниҳои ҷолиби фарҳангӣ ва фароғатиро дар бар мегирад.
Мақсади асосии чорабинӣ фароҳам овардани фазои идона ва шароити мусоид барои истироҳату фароғати сокинони пойтахт, меҳмонон ва сайёҳон мебошад. Ҳамзамон, ҳадафи дигар муаррифии шаҳри Душанбе ҳамчун маркази муосири фарҳангӣ ва дорои имконияти васеи сайёҳӣ арзёбӣ мешавад.

Ба гуфтаи манбаъ, фестивал ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, густариши фарҳанги меҳмондорӣ ва тарғиби суннату анъанаҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар доираи барнома баргузории шоу-консерти идона бо иштироки сарояндагони маъруфи ватанӣ ва ҳунармандони хориҷӣ, намоиш ва фурӯши маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, пешниҳоди таомҳои миллӣ, шириниҳо ва нӯшокиҳои гуногун дар назар аст. Ҳамчунин, намоишгоҳи ҳунармандон таҳти унвони «Artel Local Bazaar – Navruz edition» баргузор мегардад.
Барои иштирокчиён ва меҳмонони фестивал барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз ҷумла бозиҳои варзишиву зеҳнӣ, озмуну викторинаҳо, барномаҳои сиркӣ ва театрӣ, сайру саёҳат бо асп, гӯшаҳои махсуси кӯдакона ва дигар фаъолиятҳои ҷолиб ташкил карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ