Аз манзил то инноватсия. Туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон ба 40 оила дар Хуҷанд

Дар шаҳри Хуҷанд кормандони соҳаҳои тандурустӣ, маориф, фарҳанг ва ҳифзи ҳуқуқ соҳиби бинои истиқоматӣ шуданд. 

29 марти соли равон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоӣ  супорида шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва 40 хонаи як, ду ва сеҳуҷрагӣ иборат мебошад. 

“Таъмини кормандони соҳаи тандурустӣ, маориф, фарҳанг, ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни давлатӣ бо манзили зист барои баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ ва фароҳам овардани шароити арзандаи кору зиндагии омӯзгорон, парасторон ва кормандони соҳаи тиб мусоидат менамояд”,-итилоъ медиҳад манбаъ.

Ҳамчунин, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ошёнаи якуми ҳамин бино аз Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ дидан намуда, ба фаъолияти он оғоз бахшид.

Ифтитоҳи Маркази омӯзиши технологияҳои инноватсионӣ яке аз иқдомҳои муҳим дар самти ташаккули экосистемаи нави технологӣ дар шаҳри Хуҷанд арзёбӣ мегардад. Ин марказ метавонад ба макони ҷалби истеъдодҳои ҷавон, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ва татбиқи ғояҳои нав дар самти технологияҳои иттилоотӣ ва зеҳни сунъӣ табдил ёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *