Ифтитоҳи Театри ба номи Александр Пушкин баъди навсозӣ дар Бӯстон

29 марти соли равон дар шаҳри Бӯстон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкин баъд аз навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Театри мазкур дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Бӯстон дар масоҳати умумии 1350 метри мураббаъ ҷойгир буда, аз толори калону барҳаво бо 300 ҷойи нишаст, толори хурди тамрин, 14 ҳуҷраи корӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон иборат аст.

Дар иншооти фарҳангӣ, толори асосии тамошо, саҳна, даромадгоҳ, ҷой барои либосовезӣ, ҳуҷраи ҳунармандон, ҳуҷраи пардозкорӣ, ҳуҷраҳои техникӣ барои рассомон ва дуредгарӣ мавҷуд аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *