Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ба Масъуд Пизишкиён табрик гуфт

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли паёми табрикотӣ Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён ва мардуми ин кишварро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфтааст.

Ба иттилои расонаҳои эронӣ, дар ин паём Сарвари давлат ба мардуми Эрон сулҳ, субот, пешрафт ва зиндагии шоистаро дар соли нави хуршедӣ орзу намудааст.

Ҳамчунин, Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки Тоҷикистон ба густариши равобити дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон аҳамияти хос медиҳад. Ба гуфтаи ӯ, ин робитаҳо дар партави арзишҳои муштараки фарҳангӣ ва суннатҳои дерина, аз ҷумла Наврӯз минбаъд низ тақвият хоҳанд ёфт.

Дар поёни паём, Президенти Тоҷикистон изҳори боварӣ намудааст, ки ҳамкориҳои ду кишвар мазмуну муҳтавои нави амалӣ касб намуда, ба нафъи мардумони ҳарду давлат хидмат хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *