Журналистони Қирғизистон дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” (видео)

23 марти соли равон журналистони Қирғизистон дар доираи сафари худ ба Тоҷикистон ва иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ аз медиахолдинги “Оила” боздид намуданд.

Меҳмононро директори генералии медиа-холдинги “Оила” Шариф Ҳамдампур ва ҳайати кормандон пешвоз гирифтанд.

Шариф Ҳамдампур ба меҳмонон оид ба таърих ва ташаккули расонаҳои медиахолдинг, аз ҷумла нашрияҳои “Тоҷикистон”, “Оила”, “Рекламная газета”, хабаргузориҳои “Pressa.tj”, “Oila.tj”, агентии рекламавии «Тайрон», нашриёти “Мега-принт” маълумот дод.

Номбурда зикр кард, ки боздиди журналистони Қирғизистон аз Тоҷикистон барои табодули таҷриба ва рушди ҳамкориҳо мусоидат мекунад. Шариф Ҳамдампур қайд кард, ки моҳи июли соли 2025 гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон ба Қирғизистон сафар карда буданд ва дар ин ҳайат хабарнигори ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ ҳузур дошт.

Зимни боздид аз медиа-холдинги “Оила” рӯзноманигорони қирғиз доир ба фаъолияти рӯзноманигорони тоҷик, рушди расонаҳои электронӣ, гузаштан ба интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ворид намудани технологияи нав ва дигар самтҳои фаъолияти расонаҳои Тоҷикистон пурсиданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.

Адилет Иманов, журналист аз шабакаи «7-Қирғизистон» мегӯяд, иштирок дар таҷлили Наврӯз ва шиносоӣ бо фаъолияти медиахолдинги “Оила” барояш ҷолибу хотирмон аст.

– Барои ман хеле хушоянд аст, ки дар Наврӯзи Тоҷикистон иштирок дорам. Душанбе шаҳри тозаву зебо буда, мардумаш хеле меҳрубонанд. Мо аз фаъолияти медиахолдинги “Оила” низ шинос шудем. Ин ба мо имкон медиҳад, ки таҷрибаҳои якдигарро омӯзем, – гуфт ӯ.

Ҳамзамон, журналист Айзат Кутева аз сатҳи рушди расонаҳо ва фазои идонаи пойтахт изҳори қаноатмандӣ намуд.

– Ин сафари аввалини ман ба Душанбе аст. Шаҳр хеле пешрафта ва тоза аст. Наврӯз дар Тоҷикистон бо шукуҳи хос таҷлил мешавад. Мо бо фаъолияти медиахолдинги “Оила” шинос шудем, ки воқеан ҳам пешрафта аст, – таъкид кард ӯ.

Бояд гуфт, ки сафари ҳайати журналистони Қирғизистон аз 22 то 27 март идома дошта, онҳо дар ин муддат аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.

Ҳамчунин, меҳмонон дар чорабиниҳои наврӯзӣ иштирок намуда, бо суннату анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таъомҳои миллӣ аз наздик шинос мешаванд.

Ба таъкиди иштирокдорон, чунин сафарҳо барои таҳкими робитаҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои расонаӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон аҳамияти муҳим доранд. Инчунин, ба табодули таҷриба ва таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон мусоидат менамоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *