Эрон бори аввал аз транзит дар тангаи Ҳурмуз даромад гирифт

Эрон бори аввал аз ҷамъоварии боҷ барои убури киштиҳо аз тангаи Ҳурмуз даромад ба даст овард.

Ба гуфтаи муовини раиси парлумони кишвар Ҳамидризо Ҳоҷӣ Бобоӣ, маблағҳои аввалин аз ин ҳисоб ба суратҳисоби бонки марказии Эрон ворид шудаанд.

Қаблан дар парлумони Эрон тарҳи қонун оид ба тангаи Ҳурмуз баррасӣ мешуд, ки бар асоси он ҷорӣ кардани боҷ барои убури киштиҳо пешбинӣ гардидааст.

Ин иқдом дар ҳолест, ки тангаи Ҳурмуз масири муҳими байналмилалии интиқоли нафт ба шумор меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *