Ёвон: Сохтмони бинои иловагӣ бо саҳми соҳибкор
Дар назди муассисаи таълимии рақами 72 ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагӣ оғоз шуд. Бино барои 800 хонанда пешбинӣ гардидааст.
Аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Ёвон ба Pressa.tj гуфтанд, ки бинои иловагӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия ва фароҳам кардани ҷойи нишаст сохта мешавад.
Бинои мавриди назар 16 синфхона дошта бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва саҳми Акбар Асадулло, соҳибкори ватанӣ бунёд карда хоҳад шуд. Ҳамчунин соҳибкори ватанӣ дар бунёди бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии рақами 69 низ саҳмгузорӣ карда истодааст.
Дар шуруъ кардани корҳои сохтмонӣ Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Ёвон иштирок карда, иқдоми соҳибкорро намунаи равшани шарикии давлат бо бахши хусусӣ арзёбӣ кардааст.
Иншооти мавриди назар то сентябри соли 2026, яъне то 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ