Фурудгоҳҳои Теҳрон боз шуданд
Хабаргузории эронии “ИСНА” хабар дод, ки Фурудгоҳи байналмилалии Имом Хумайнӣ ва Фурудгоҳи Меҳробод – ду фурудгоҳи асосии Теҳрон боз шудаанд.
Ин хабаргузорӣ ба нақл аз Созмони ҳавопаймоии он кишвар навишт, ки “иҷозатномаи анҷоми парвозҳои мусофирбарӣ дар фурудгоҳҳои Имом Хумайнӣ ва Меҳробод аз 20-уми апрел содир шудааст”.
Хабари боз шудани ду фурудгоҳи аслии пойтахти Эрон дар ҳоле нашр мешавад, ки ҳанӯз аз идомаи музокирот ва созиш миёни тарафҳо хабаре нест.
Дар пайи ҳамлаи Амрико ва Исроил ба Эрон фурудгоҳҳои ин кишвар бинобар чораҳои амниятӣ парвозҳои худро қатъ карда буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ