Хушҳолии Володин аз ихроҷи муҳоҷирон

Вакилони Думаи давлатии Русия аз ин, ки шумори зиёди муҳоҷирон ронда шудаанд, изҳорӣ қаноатмандӣ кардаанд. Вячеслав Володин, раиси палатаи поёнии парлумони Русия инро натиҷаи қабули қоидаву қарорҳои нав дар самти муҳоҷират хонда, ситоиш кардааст.

Ба гуфтаи вай, танҳо дар моҳи март аз қаламрави Русия 14 ҳазор муҳоҷир ронда шудааст. Дар маҷмуъ, давоми як соли ахир Маскав 72 ҳазор нафар хориҷиро депорт ё ихроҷ кардааст.

Ба иттилои хабаргузори “ТАСС”, Вячеслав Володин ҳушдор додааст, ки ин ҳанӯз поёни кор нест ва қонуну қоидаҳои муҳоҷират боз сахттар хоҳанд шуд. Парлумони Русия ба қабули 6 тарҳи дигари қонуне омодагӣ мегирад, ки ба гуфтаи вакилон, бо тасвиби он назорат ба кору зиндагии муҳоҷиронро сахту душвор мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *