Фарзона дар Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд

29 июл дар шаҳри Тошканд бахшида ба Рӯзи дӯстии халқҳо маҳфили адабӣ бо иштироки Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Фарзонаи Хуҷандӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни ин чорабинӣ Фарзона ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуд, ки онро нишонаи таҳкими ҳамкориҳои адабӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Ӯзбекистон арзёбӣ мекунанд.

Ҳамзамон, дар маҳфил рӯнамоии китоби нави шоир бо номи «Саҳарнам», ки дар шаҳри Тошканд ба табъ расидааст, баргузор шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Сироҷиддин Саййид, раиси Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва ҳамватанони бурунмарзии назди Девони Вазирони Ӯзбекистон Қаҳрамон Сариев, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Матлуба Мирзоюнус, директори иҷроияи Фонди байналмилалии ҷамъиятии ба номи Алишер Навоӣ Олимҷон Давлатов, шоир ва тарҷумон Одил Икром, раиси Шӯрои адабиёти тоҷики Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Хисрав Саъдулло, инчунин гурӯҳи зиёди шоирону нависандагон, адабиётшиносон, тарҷумонҳо ва дӯстдорони шеъру адаб иштирок карданд.

Иштирокчиёни маҳфил аз нақши Фарзона дар рушди адабиёти муосири тоҷик, таҳкими робитаҳои адабии ду кишвар ва тарғиби арзишҳои фарҳангии муштарак ёдовар шуданд. Ба гуфтаи онҳо, нашри китоби «Саҳарнам» дар Тошканд ва пазируфтани шоири тоҷик ба узвияти Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон боз як қадами муҳим дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва адабии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *