Умре дар хизмати маориф ва Ватан
Ба ёди омӯзгори соҳибтаҷриба Файзимо Алиева
Омӯзгори соҳибтаҷриба, тарбиятгари чандин насли хонандагон, Аълочии маориф ва фарҳанги Тоҷикистон, дорандаи медали давлатии «Хизмати шоиста» Файзимо Алиева пас аз умре саршор аз хизмати содиқона ба халқу Ватан аз олам даргузашт.
Файзимо Алиева соли 1957 дар ноҳияи Рӯдакӣ ба дунё омада, тамоми умри пурбаракати худро ба таълиму тарбия, омӯзгорӣ ва рушди маърифати ҷомеа бахшид. Соли 1984 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси омӯзгори таърих ва ҷамъиятшиносӣ хатм намуда, беш аз чаҳор даҳсола дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ фаъолияти пурсамар анҷом дод. Солҳои охири фаъолияти худ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15-и ноҳияи Рӯдакӣ аз фанни таърих дарс гуфта, садҳо шогирдро ба роҳи дониш раҳнамун сохт.
Ӯ аз ҷумлаи омӯзгороне буд, ки рисолати омӯзгориро танҳо бо омӯзонидани фан маҳдуд намедонист. Дар баробари таълими таърих, ба тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ ва арҷгузорӣ ба таърихи миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекард. Бо ташкили дарсҳои намунавӣ, маҳфилҳои тарбиявӣ ва вохӯриҳо бо шахсиятҳои маъруф, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар чеҳраҳои хизматнишондода дар қалби шогирдон ҳисси муҳаббат ба Ватан ва эҳтиром ба гузаштаву фарҳанги миллӣ парвариш менамуд.
Ташаббусҳои созандаи ӯ дар соҳаи маориф ҳамеша мавриди қадршиносӣ қарор мегирифтанд. Чорабиниҳои тарбиявие, ки бо ибтикори ӯ баргузор мешуданд, борҳо тавассути шабакаҳои телевизионии ҷумҳуриявӣ инъикос гардида, таҷрибаи омӯзгории ӯ ҳамчун намунаи фаъолияти эҷодкорона ба ҷомеа муаррифӣ шудааст.
Файзимо Алиева на танҳо омӯзгори варзида, балки қаламкаши фаъол низ буд. Дар тӯли фаъолияти эҷодӣ зиёда аз 300 мақола ва хабар дар матбуоти ҷумҳуриявӣ ба нашр расонидааст. Ӯ ҳамчунин муаллифи китобҳои «Файзи Истиқлол», «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат», «Армуғони Иҷлосия» ва «Модар – Фаришта» мебошад. Осори ӯ асосан ба масъалаҳои тарбияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, мақому рисолати омӯзгор ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои даврони истиқлол бахшида шудаанд.
Файзимо Алиева дар байни ҳамкорон бо хоксорӣ, масъулиятшиносӣ, ростқавлӣ ва меҳрубонӣ эҳтироми хос дошт. Барои шогирдон омӯзгори дӯстдоштатарин, барои ҳамкорон маслиҳатгари оқил ва барои ҷомеа шахсияти фаъолу ватандӯст буд.
Бо даргузашти Файзимо Алиева соҳаи маорифи кишвар яке аз омӯзгорони соҳибтаҷриба ва фидоиро аз даст дод. Ному фаъолияти ӯ дар ёди садҳо шогирд ва ҳамкоронаш ҳамчун намунаи садоқат ба касб ва хизмати поквиҷдонона ба Ватан боқӣ хоҳад монд.
Ёдаш гиромӣ, рӯҳаш шод ва манзили охираташ обод бод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ