Шифобахш – маркази бузурги ташхису табобат
Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – «Шифобахш» дар тӯли шаш даҳсола аз беморхонаи ҷумҳуриявӣ ба маркази бузурги бисёрсоҳавии ташхису табобат, пойгоҳи илмӣ ва мактаби омода намудани мутахассисони баландихтисос табдил ёфтааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ ин муассиса бо истифода аз таҷҳизоти муосир, ҷорӣ намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ, фаъолияти шабонарӯзӣ ва рушди таҳқиқоти илмӣ ба ҳазорон бемор ёрии тахассусӣ мерасонад. Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳнамоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои таҷдиди инфрасохтор, муҷаҳҳазсозии шуъбаҳо ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Аз беморхонаи ҷумҳуриявӣ то маркази миллии тиббӣ
Маркази миллии тиббии Тоҷикистон – «Шифобахш» дар зарфи 60 сол ба яке аз калонтарин ва пурмаҳсултарин сохторҳои тандурустии Тоҷикистон табдил ёфта, дар ташхису табобати бемориҳои мураккаб, омода намудани кадрҳои баландихтисос ва рушди илми тиб саҳми арзанда гузоштааст.
Ба муносибати 60-солагии таъсисёбии марказ конфронси илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Технологияҳои инноватсионии ташхис ва табобат дар беморхонаи бисёрсоҳавӣ» баргузор гардида буд. Ин чорабинӣ мақоми муассисаро на танҳо ҳамчун беморхонаи бузург, балки ҳамчун маркази илмӣ, таълимӣ ва табодули таҷрибаи касбӣ муаррифӣ намуд.
Вазифаи асосии марказ расонидани ёрии саривақтӣ ва баландихтисоси тиббӣ ба беморон мебошад. Ин рисолат дар ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои махсусгардонидашуда, хадамоти ташхисӣ, озмоишгоҳҳо, бахшҳои эҳёгарӣ ва ҷарроҳӣ шабонарӯзӣ иҷро карда мешавад.
Барои бисёр сокинони мамлакат «Шифобахш» маконест, ки пас аз муроҷиат ба муассисаҳои дигар роҳи муолиҷаи бемориҳои вазнину мураккаб дар он ҷустуҷӯ мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки марказ ҳамчун яке аз такягоҳҳои тиби ҷумҳуриявӣ ва умеди беморон эътироф гардидааст.
Дар ин ҷо мутахассисони соҳаҳои гуногун – ҷарроҳон, эҳёгарон, асабшиносон, ортопедҳо, урологҳо, табибони кӯдакона, ташхисгарон, кормандони озмоишгоҳ ва ҳамшираҳои тиббӣ дар як низоми ягона фаъолият мекунанд. Маҳз чунин ҳамоҳангӣ имкон медиҳад, ки бемор аз ташхиси аввалия то анҷоми табобат ва давраи барқароршавӣ зери назорати мутахассисон қарор дошта бошад.

Дастгирии давлат – заминаи пешрафти соҳа
Дар замони Истиқлоли давлатӣ ҳифзи саломатии аҳолӣ ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфт. Бо роҳнамоӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд гардида, беморхонаҳои амалкунанда таъмиру таҷдид ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда шуданд.
Дар суханрониҳои расмии Сарвари давлат «Шифобахш» дар қатори муассисаҳои калони тиббии бисёрсоҳавии мамлакат ном бурда шудааст, ки ҳазорон беморро ташхису табобат мекунанд. Ин таваҷҷуҳ собит месозад, ки рушди чунин муассисаҳо қисми муҳими сиёсати давлат барои дастрас намудани ёрии баландихтисос ба аҳолӣ мебошад.
Дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама дар таҷдиди инфрасохтор, ворид намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардидани шароити фаъолияти кормандон ва васеъ шудани имконияти табобати бемориҳои мураккаб инъикос меёбад.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти марказро пайваста назорат ва ҳамоҳанг менамояд. Масъалаҳои беҳтар кардани сатҳу сифати хизматрасонӣ, пешгирии фавт, ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат, одоби муоширати кормандони тиб бо беморон ва бартараф намудани камбудиҳо мунтазам мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Боздидҳои роҳбарияти вазорат аз фаъолияти рӯзонаю шабонаи марказ, шиносоӣ бо корҳои таъмиру навсозӣ ва додани супоришҳои мушаххас далели таваҷҷуҳи доимӣ ба «Шифобахш» мебошанд. Ҳадаф беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити муносиб барои беморон ва кормандони тиб аст.
Маркази фаъолияти шабонарӯзӣ
Хусусияти муҳими «Шифобахш» фаъолияти шабонарӯзии он мебошад. Беморӣ вақт интихоб намекунад ва дар ҳолатҳои таъҷилӣ ҳар сония метавонад барои наҷоти ҳаёти инсон аҳамияти ҳалкунанда дошта бошад. Аз ин рӯ, шуъбаҳои қабул, эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ, ташхис ва дигар бахшҳои зарурӣ шабу рӯз омодаи қабули беморон мебошанд.
Кормандони марказ дар ҳолатҳои садама, осебҳои вазнин, бемориҳои шадиди ҷарроҳӣ, мушкилиҳои асаб, хунравӣ, бемориҳои кӯдакона ва дигар ҳолатҳои фаврӣ ба беморон ёрии тиббӣ мерасонанд.
Ин фаъолият аз табибону ҳамшираҳо дониш, сабру таҳаммул, масъулиятшиносӣ ва омодагии доимиро талаб мекунад. Дар паси ҳар ҷарроҳии муваффақ кори як гурӯҳ – аз корманди қабул ва ташхисгар то ҷарроҳ, анестезиолог, эҳёгар ва ҳамшираи тиббӣ қарор дорад.
Ташхиси дақиқ бо таҷҳизоти замонавӣ
Тиби муосирро бе ташхиси дақиқ тасаввур кардан имкон надорад. Имрӯз дар «Шифобахш» томографияи компютерӣ, томографияи магнитӣ-резонансӣ, рентгени рақамӣ, дастгоҳҳои лапароскопӣ, фибробронхоскоп, фиброгастроскоп, колоноскоп ва дигар таҷҳизоти муосир мавриди истифода қарор доранд.
Дар марказ 15 ҳуҷраи ташхиси ултрасадоӣ фаъолият мекунанд. Озмоишгоҳҳои замонавӣ, аз ҷумла озмоишгоҳҳои бактериологӣ ва патологоанатомӣ барои муайян намудани сабаби беморӣ, интихоби усули дурусти табобат ва назорати натиҷаи муолиҷа имконияти васеъ фароҳам меоранд.
Рақамҳои як соли фаъолият миқёси хизматрасонии марказро равшан нишон медиҳанд. Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар як сол 37 ҳазору 431 нафар аз ташхиси ултрасадоӣ ва 14 ҳазору 636 нафар аз муоинаҳои СБД гузаронида шудаанд.
Дар ҳамин давра ба 5 ҳазору 904 нафар электроэнсефалография гузаронида шуда, 36 ҳазору 361 нафар аз муоинаи рентгенӣ гузаштаанд. Ҳамчунин, 1 ҳазору 671 ташхиси МРТ ва 5 ҳазору 700 муоинаи эндоскопӣ анҷом дода шудааст.
Пушти ҳар рақам сарнавишти инсоне қарор дорад, ки ба ташхиси дақиқ ва муолиҷаи саривақтӣ ниёзманд аст. Аз ин рӯ, ба омӯзиши кормандон, истифодаи дурусти дастгоҳҳои нав ва риояи меъёрҳои бехатарӣ аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад.
Ҳадаф он аст, ки бемор дар муддати кӯтоҳ аз ташхисҳои зарурӣ гузашта, бе саргардонӣ ба шуъбаи дахлдор роҳнамоӣ гардад.

Ҷарроҳиҳои мураккаб ва усулҳои нав
Яке аз самтҳои пешрафтаи фаъолияти «Шифобахш» ворид намудани усулҳои нави ҷарроҳӣ мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ табобати ҷарроҳии некрози асептикии баъдиковидии сараки устухони рон бо истифода аз туннелизатсия ва воридсозии плазмолифтинг ба роҳ монда шуд.
Барои табобати шикасти устухонҳои дарози андомҳо сихҳои титании эластикӣ истифода гардида, дар 20 нафар бемор натиҷаи мусбат ба даст омадааст. Дар бахши ортопедияи кӯдакона бошад, табобати барвақтии каҷпоии модарзодӣ бо усули Понсети татбиқ карда мешавад.
Дар ҷарроҳии асабу сутунмуҳра гирифтани омоси минтақаи пинеалӣ, мустаҳкамкунии муҳраҳои С1-С2, амалиёти ALIF ва ҷарроҳии эндоскопии кистаи арахноидалӣ анҷом дода мешаванд. Ҳамзамон, аз соли 2024 бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои роҳандозии табобати ҷарроҳии бемории Паркинсон замина фароҳам омад.

Марказ бо дастгоҳи стереотаксиси Leksell, термоаблятор, барномаи SurgicalPlan, электродҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ таъмин гардидааст. Кормандон дар марказҳои байналмилалии Чин, Русия ва Қазоқистон такмили ихтисос намуда, бо ҳамкорони рус чанд амалиёти деструктивӣ гузаронданд. Ҷарроҳии DBS (Deep Brain Stimulation) низ ба нақша гирифта шудааст, ки табобатро дар дохили кишвар васеъ ва сафари беморонро ба хориҷ кам мекунад.
Самти дигари муҳим ҷарроҳии патологияҳои рагҳои мағзи сар аст, ки хатари сактаи майнаро зиёд мекунад. Дар марказ амалиётҳои кушода, аз ҷумла клипсгузаронӣ ба аневризмаҳо, ҷарроҳии малформатсияҳои артерио-венозӣ, эндартерэктгмияи шоҳраг, ҷарроҳии реконструктивии ЭИКМА ва гирифтани каверномаҳо гузаронида мешаванд.
Соли охир бо дастгирии вазорат ҷарроҳиҳои эндоваскулярӣ низ ба роҳ монда шуданд: эмболизатсияи аневризма ва малформатсияҳои артерия-венозӣ, бартарафсозии фистулаи каротид-кавернозӣ, ангиографияи серебралӣ, стентгузорӣ ҳангоми тангии шоҳраг ва тромбоаспиратсия дар беморони сактаи ишемикӣ дар чор соати «тилоӣ». Бригадаи махсус шабонарӯзӣ фаъолият мекунад, то ин амалиётҳои мураккаб дар дохили кишвар дастрас бошанд.
Пешрафт дар ҷарроҳии кӯдакона
Дар «Шифобахш» ба ҳимояи саломатии кӯдакон ва навзодон мақоми махсус дода мешавад. Бо истифода аз дастгоҳи лапароскопӣ амалиётҳои ташхисию табобатӣ дар узвҳои ҳозима гузаронида мешаванд.
Пилоромиотомия бо усули Фреде – Рамштедт, проктопластикаи эндоректалии трансанаалӣ бо усули Свенсон – Лайк дар бемории Гиршпрунг ва нуқсони аноректалии Н-фистула аз ҷумлаи усулҳои муосире мебошанд, ки дар шуъбаҳои кӯдакона ба роҳ монда шудаанд.
Табобати остеомиелити шадиди гематогении гарданаки устухони рони кӯдакон, ки бо коксити фасодии дараҷаи дуюм ориза ёфтааст, низ яке аз самтҳои фаъолияти табибони марказ мебошад.
Дар марказ барои муайян намудани сатҳи шунавоии кӯдакон аз рӯзи таваллуд то синни шашсолагӣ усули ташхис бо дастгоҳи эмиссияи акустикӣ истифода мешавад. Ташхиси барвақт имкон медиҳад, ки камшунавоию ношунавоӣ сари вақт ошкор гардида, барномаи табобат ва тавонбахшӣ ҳарчи зудтар оғоз шавад.
Дар Тоҷикистон ҷарроҳиҳои мураккаби барқарорсозии шунавоӣ низ дар «Шифобахш» амалӣ карда мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, баъди чунин амалиётҳо шунавоии беморон барқарор гардида, нутқу гуфтори онҳо марҳила ба марҳила инкишоф меёбад.
Яке аз дастовардҳои нави ҷарроҳони кӯдаконаи марказ бори аввал дар Тоҷикистон гузаронидани амалиёти мураккаби нуқсони модарзодии аноректалӣ дар навзоди шашмоҳа мебошад. Ин гуна ҷарроҳиҳо сатҳи баланди донишу малака, таҷҳизоти муосир ва кори ҳамоҳанги ҷарроҳон, анестезиологҳо ва эҳёгаронро талаб мекунанд.
Литотрипсия ва табобати бемориҳои устухону буғум
Дар марказ литотрипсияи фосилавӣ бо истифода аз ултрасадо ва рентген ба роҳ монда шудааст. Ин усул имкон медиҳад, ки дар ҳолатҳои мувофиқ сангҳои узвҳои пешоб бе ҷарроҳии кушода майда карда шаванд.
Дар бахши табобати бемориҳои устухону буғум истифодаи маводи дорувории «Диафлекс» барои беморони гирифтори остеоартроз натиҷаҳои мусбат нишон додааст. Ҳамзамон усулҳои ҷарроҳӣ ва ғайриҷарроҳии табобати шикастҳо, иллатҳои модарзодӣ ва бемориҳои дегенеративии устухону буғум пайваста такмил дода мешаванд.
Мутахассисон ҳангоми интихоби усули табобат синну сол, вазъи умумӣ, дараҷаи иллат ва натиҷаи ташхисро ба назар мегиранд. Муносибати инфиродӣ барои кам кардани оризаҳо ва барқароршавии ҳарчи зудтари бемор мусоидат мекунад.
Пойгоҳи илм ва тарбияи мутахассисон
«Шифобахш» пойгоҳи клиникии як қатор кафедраҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва муассисаҳои таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ мебошад.
Ҳузури устодон, олимон, табибони таҷрибадор, ординаторон ва донишҷӯён дар як фазои клиникӣ имкон медиҳад, ки донишҳои назариявӣ бо таҷрибаи ҳаррӯзаи ташхису табобат пайваст гарданд.
Ҳамкории марказ бо кафедраҳои муассисаҳои таълимӣ танҳо бо гузаронидани машғулият маҳдуд намешавад. Кормандони муассиса ва олимони кафедраҳо дар таҳияи пешниҳодҳои ратсионализаторӣ, ихтирооти муфид, дастурамалҳои методӣ ва усулҳои нави табобат саҳм мегузоранд.
Яке аз тағйироти муҳими сохторӣ таъсиси шуъбаи илм, инноватсия ва иттилоот мебошад. Он корҳои таҳқиқотию навовариро ҳамоҳанг сохта, дастовардҳои табибонро муаррифӣ менамояд. Дар заминаи шуъба маҷаллаи илмӣ-амалии «Паёми Шифобахш» таъсис ёфта, айни ҳол фаъолият дорад.
Танҳо дар давоми 12 моҳи соли 2025 аз ҷониби кормандони марказ 186 мақолаи илмӣ ва 75 фишурдаи илмӣ ба табъ расонида шудааст. Ҳамчунин, мутахассисони муассиса 15 дастурамал ва чор монография нашр кардаанд.
Ин нишондиҳандаҳо собит менамоянд, ки фаъолияти табибон бо муолиҷаи беморон маҳдуд намешавад. Таҷрибаи клиникӣ ба маводи таҳқиқотӣ табдил ёфта, натиҷаҳои он барои такмили ташхису табобат ва омӯзиши табибони ҷавон истифода мешаванд.
Донишҷӯ ва табиби ҷавон дар назди бистари бемор на танҳо тарзи ташхисро меомӯзад, балки масъулиятшиносӣ, одоби табибӣ, муоширати дуруст бо бемор ва қабули қарор дар ҳолатҳои душворро низ аз худ мекунад.
Табодули таҷрибаи байналмилалӣ
Рушди тиб бидуни робитаҳои касбӣ бо муассисаҳои пешрафтаи ҷаҳон имконнопазир аст. Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конфедератсияи Швейтсария гурӯҳи мутахассисони соҳаҳои анестезиология, ҷарроҳӣ, нейроҷарроҳӣ, нефрология, урология ва ҳамширагӣ дар «Шифобахш» бо ҳамтоёни тоҷик табодули таҷриба намуданд.
Бо иштироки мутахассисони Тоҷикистону Швейтсария дар шуъбаҳои ҷарроҳии навзодон, бемориҳои асаб, урология ва ҷарроҳии кӯдакона як қатор амалиётҳои мураккаб гузаронида шуданд. Ба марказ ҳамчунин таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ тақдим гардид.
Чунин ҳамкорӣ ду натиҷаи муҳим медиҳад. Аз як тараф, беморон дар дохили мамлакат ба усулҳои муосири табобат дастрасӣ пайдо мекунанд. Аз тарафи дигар, табибони ҷавони тоҷик донишҳои навро дар муҳити воқеии клиникӣ меомӯзанд.
Мутахассисони хориҷӣ аз шароиту имконият, донишу малака ва касбияти табибони «Шифобахш» изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Ин эътимод барои густариши шарикии байналмилалӣ ва муаррифии тиби Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.


Ободонӣ – қисми фарҳанги табобат
Муҳити беморхона ба ҳолати равонии бемор ва сифати кори кормандон таъсири мустақим мерасонад. Аз ин рӯ, дар «Шифобахш» дар баробари ворид намудани таҷҳизоти тиббӣ ба ободонии масоҳати васеи муассиса низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад.
Роҳравҳои байни шуъбаҳо ва биноҳо, гулгаштҳо ва нишастгоҳҳо аз таъмири пурра бароварда шуда, мумфаршкунии тамоми пайроҳаҳо анҷом ёфтааст. Бинои рақами 11, шуъбаҳои эҳёгарии соматикӣ, ҷарроҳии кӯдакона, эҳёгарии калонсолон ва шуъбаи қабули беморони калонсол таъмири асосӣ гардидаанд. Таъмиру навсозии дигар шуъбаҳои таъмирталаб низ марҳила ба марҳила идома дорад.
Эътимоде, ки бо заҳмат ҳифз мешавад
Дастовардҳои «Шифобахш» натиҷаи фаъолияти як нафар ё шуъба нестанд. Онҳо маҳсули заҳмати дастаҷамъонаи табибон, ҳамшираҳо, озмоишгарон, муҳандисон, устодони кафедраҳо, маъмурият ва кормандони ёрирасон мебошанд.
Ҳар ҷарроҳии муваффақ, ҳар ташхиси дақиқ ва ҳар беморе, ки ба зиндагии солим бармегардад, самараи ҳамкории ҳамин ҳайат аст.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва назорати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои рушди минбаъдаи муассиса имкониятҳои нав фароҳам меоянд.
Дар назди марказ вазифаҳои муҳим – ҳифзи эътимоди мардум, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, густариши таҳқиқоти илмӣ, омода намудани кадрҳои ҷавон, беҳтар кардани одоби муошират ва баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ қарор доранд.
Таҷрибаи 60-сола, нерӯи кадрӣ, пойгоҳи илмӣ ва технологияҳои муосир имкон медиҳанд, ки «Шифобахш» минбаъд низ ҳамчун маркази пешқадами тиби миллӣ хизмат намояд. Зеро меъёри асосии фаъолияти муассисаи тандурустӣ на шумораи биною дастгоҳҳо, балки ҳаёти наҷотёфта, саломатии барқароршуда ва дуои неки бемор мебошад.
Хуршед РАҲМОНЗОДА,
директори Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон – «Шифобахш»,
доктори илмҳои тиб, профессор
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ