Файзобод: Заминсоз 10 сол зиндонӣ шуд

Ҳукми суди ноҳияи Файзобод нисбати заминсоз  Илҳомиддин Ҳасанов қироат карда шуд.

Саид Қудратзода, раиси суди  ноҳияи Файзобод гуфт, ки Ҳасанов аз ҷумла ба қаллобӣ, берун рафтан аз ҳадди  ваколатҳои мансабӣ ва суистифода аз ваколатҳои мансабӣ айбдор дониста шуда, ба 10 соли зиндон маҳкум гардид.

Илҳомиддин Ҳасанов, ки беш аз шаш сол дар ин вазифа кор кардааст, аз рӯйи 6 модда, аз ҷумла, моддаҳои 247, қисми 4, 316, 314, 323 ва 338-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон айбдор дониста шудааст.

Тибқи қарори суд, Ҳасанов ҳамчунин ба муҳлати 5 сол аз ишғоли мансабҳои давлатӣ, баъд аз иҷрои ҷазои ҷиноӣ маҳрум карда шудааст.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.