Филиали аввалини KFC дар шаҳри Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад

Дар шаҳри Хуҷанд нахустин филиали хизматрасонии зудпаз KFC ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард. Тарабхона дар кӯчаи академикон Солеҳ ва Зариф Раҷабовҳо бунёд гардида, масоҳати умумии он 500 метри мураббаъро дар бар мегирад. Иншоот аз ду ошёна иборат буда, дар он тамоми шароити муосири хизматрасонӣ пешбинӣ шудааст.

Бунёди тарабхона бо ҷалби беш аз 30  сохтмончии маҳаллӣ ҷараён дошта, интизор меравад, ки то санаи таҷлили ҷашни Истиқлол расман мавриди истифода қарор гирад. Пас аз ба кор даромадани тарабхона, 120 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Иқтидори хизматрасонии тарабхона то 350 нафар мизоҷро дар як вақт дар бар мегирад.

KFC, ки ҳамчун яке аз брендҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар бахши хӯрокҳои зудпаз шинохта шудааст, асосан бо хӯрокҳои гуногун аз гӯшти мурғ машҳур аст. Мизоҷон дар филиали нав иктидори интихоб аз менюи васеъ ва тамъҳои хоси ҷаҳонии KFC-ро хоҳанд дошт.

Ёдовар мешавем, ки то имрӯз 10 филиали KFC дар шаҳри Душанбе ва 1 филиал дар шаҳри Ваҳдат ба фаъолият доранд.

 Ифтитоҳи нахустин филиали ин бренд дар шаҳри Хуҷанд як қадами муҳими дигар дар густариши шабакаи хизматрасонии ҷаҳонӣ дар қаламрави кишвар ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *