Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуровро ба ҷойи муносиб мекӯчонанд
Муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров Қаҳрамони Тоҷикистон ба дигар ҷой кӯчонида мешавад. Масъулини шаҳри Бохтар мегӯянд, ки ҷой феълии муҷассама мувофиқ нест.
Икром Юсуфов, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар дар як суҳбати кутоҳ ба Pressa.tj гуфт, ки корҳои сохтмонӣ шуруъ шудааст ва то як моҳ ҳайкал кӯчонида мешавад.
“Маконе, ки ҳоло муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров ҷойгир аст, мувофиқ нест. Аз ҷониби дигар, дар канори он сохтмони иншооти баландошёна шуруъ мешавад”,-гуфт номбурда.
Икром Юсуфов мегӯд, феълан дар назди Осорхонаи вилоятии ба номи Авасто ва Қасри фарҳангу итилооти шаҳри Бохтар муҷассамаи Бобоҷон Ғафуров ҷой карда хоҳад шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ