Фирдавс Ҳошимов дар Ҷопон

Иқдоми Ҳамрохон Зарифӣ дар Токио ва Скуба

Ба наздикӣ бо ташабуси сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон  «Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Ҷопон » баргузор гардид, ки иқдоми хубе буд баҳри муаррифии санъати асили тоҷикӣ дар арсаи ҷаҳонӣ. Дар барномаи мазкур сарояндагон Мадина Ақназарова, Фирдавс Ҳошимов ва навозандаи моҳир Сироҷиддин Ҷӯраев ҳунару маҳорати хешро пешкаши тамошобинони сершуморӣ ҷопонӣ карданд.  Перомуни ин мавзӯъ сӯҳбате доштем бо яке аз иштирокчиёни ин сафар Фирдавс Ҳошимов

 

 

 -Фирдавс бобоятонро дар ёд доред?

-Бале, 16 ноябри соли 1993 буд. Ман он вақт 6 — сола будам, ки бобоям даргузашт. Ва ман, ки набераи хурдиву дӯстдоштаи бобоям будам, бисёр ӯро ёд мекунам ва аз набуданаш ғамгин мешавам. Бобоям ҳамеша  ба ман “Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?” — гуфта, суол мекарданд. Ман бошам, “Раис мешавам” мегуфтам, аммо вақте бобоям реҳлат карданд, ба худам ваъда додам, ки ҳатман пешаи эшонро идома медиҳам. Аз кӯдакӣ сабтҳояшонро гӯш мекардаму ҳаракатҳояшонро дар саҳна такрор менамудам. Имрӯз аз оне, ки маро дар саҳна ба бобоям монанд мекунанд, мефахрам, ҳарчанд ӯ нотакрор аст.

-Шояд ҳамин муҳаббат ба бобоятон буд, ки аз зодгоҳи эшон ҳамсар интихоб кардед?

-Бале, ман аз Дашти Ҷум ба духтари яке аз мухлисони ашаддии Одина Ҳошим оила бунёд кардам.

-Ҳошимовҳо бо ягон хонуми санъаткор бадеҳа насароидаанд. Кӯшиши шикастани ин қолабро накардед?

-Дар нақша дорам. Мехоҳам бо Муслима Қодирова ҳамроҳ сурудеро пешниҳоди мухлисон намоем. Ҳамин, ки фурсати мувофиқ ва суруди даркориро пайдо кардам, ба вай ин пешниҳодро мекунам. Муслима  бисёр овози хуб дорад.

-Ба наздикӣ ба Ҷопон сафар карда будед. Бо чӣ бардошт аз ин сафар баргаштед?

-Ин сафари мо дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Ҷопон бо даъвати сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Ҳамрохон Зарифӣ сурат гирифт. Ростӣ, ба бисёр давлатҳои ҷаҳон чунин сафарҳо доштам, аммо сафари Ҷопон бисёр хотирмон буд. Чун дар дигар сафарҳо сарояндагону мутрибони зиёд даъват мешуданду ҳамагӣ як маротиба баромад мекардем. Ин навбат мо ҳамагӣ се нафар будем: Мадина Ақназарова, Сироҷиддин Ҷураев ва ман…

-Тамошобинони ҷопонӣ шуморо чӣ гуна қабул карданд?

-Бисёр хуб. Дар тӯли зиёда аз як соате, ки консерт идома дошт, мо бо овози зинда ҳунарнамоӣ мекардем. Ҳатто пас хатми консерт аҳли толор пароканда нӯшаданд ва як -як ба назди мо омада, изҳори миннатдорӣ менамуданду ҳамроҳамон аксбардорӣ мекарданд. Мо ду консерт дар Токио ва як консерт дар шаҳри Скуба гузаронидем, ки ба мардуми маҳаллӣ писанд омад.Тавассути ҳафтаномаи “Тоҷикистон” миннатдории хешро ба сафири муҳтарам ва кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Ҷопон мерасонам, ки аҳли ҳунарро дастгирӣ ва ба ин васила санъати тоҷикро дар ақсои олам тарғиб мекунанд.

-Дар ин сафар бо ягон сарояндаи ҷопонӣ робита барқарор кардед?

-Бале, як хонуми ҷопонӣ ҳамроҳи Мадина Ақназарова суруди муштарак сароид. Сироҷиддин Ҷураев мусиқиашро навохт ва суруд чунон писанди дили шунавандагон гашт, ки аҳли толор  аз ҷой бархоста, баҳри онҳо кафкӯбӣ карданд.

-Кадоме аз ансамблҳои оилавиро рақиби Ҳошимовҳо меҳисобед?

-Мо касеро рақиб намешуморем, бо онҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ дорем. Масалан, дар Консерваторияи миллӣ, ки он ҷо таҳсил кардаам, устодам шодравон Абдулло Назриев буданд. Мо бо онҳо дӯстии чандинсола ва рафтуомади оилавӣ дорем.

-Ансабли шумо сарпараст дорад?

-Мо  сарпараст надорем. Бо вуҷуди он ки аз марги Одина Ҳошим қариб 25 сол сипарӣ шуд, аммо ҳанӯз ҳам мухлисони содиқаш моро дастгирӣ мекунанд.

-Имрӯз ҷавонон сурудҳои сарояндагони гузаштаи моро аз нав месароянд. Шумо ба ин чӣ назар доред? Оё сурудҳои Одина Ҳошимро аз нав сароиданӣ нестед?

-Ин як дард аст. Бисёре аз ин ҷавонон сурудҳои тайёрро гирифта, ба студия пешниҳод мекунанд ва онро саропо ғалат месароянд.  Ин кор ҳунарманд, эҷодкорро танбал мекунад. Ҳар шахс бояд худаш ҷустуҷӯ,  эҷод ва меҳнат кунад. Шахсан, бароям сахт мерасад, вақте ки сурудҳои бобоямро ғалат ва дағалона месароянд. Ман ҳарчанд ҳақ дорам сурудҳои ӯро сароям, аммо инро намекунам.  Худам  аз ашъори гузаштагон  ғазал интихоб карда, оҳанг мебандам ва месароям.

-Ташаккур, барои суҳбат.

Мусоҳиб

Шаҳло Ниёзова

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *