Фирдавс Толибзода: 224 млн сомонӣ сабикаҳои тиллоӣ фурӯхта шуд

Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 ба аҳолӣ ба маблағи 224 миллион сомонӣ сабикаҳои тиллоӣ фурӯхтааст. Ҳаҷми умумии тиллои фурӯхташуда 200 килоро ташкил медиҳад.

Дар ин бора раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, бештари сабикаҳои тиллоиро аҳолӣ харидорӣ намудааст.

Масъулини Бонки миллӣ фурӯши сабикаҳои тиллоиро яке аз роҳҳои ҷалби пасандозҳои аҳолӣ ва рушди бозори дохилии металҳои қиматбаҳо арзёбӣ мекунанд.

Мардум сабикаҳоро метавонанд ҳамчун туҳфа ё дороии сармоягузорӣ истифода намоянд.

Барои хариди сабикаҳои тиллоӣ шахсони воқеӣ бояд шиноснома, шахсони ҳуқуқӣ шиноснома ва ваколатномаи ширкатро пешниҳод кунанд. Хариди сабикаҳо бо асъори миллӣ сурат мегирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *