Фоҷеаи турк ё чӣ тавр хешони Ҳоҷи Ҳалим дороии Дуранро аз худ карданд (Видео)

Ба таваҷҷуҳи Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон Аҳмадзод

…Ин марди туркро ба идораи ҳафтанома зани тоҷикаш овард. Марди хеле хароб ва як чашмаш нобино. Вақте ки арзи ӯро гӯш кардам, ҳеҷ гумон надоштам, ки зиндагӣ инсонро аз баландиҳои худ мисли аспи ҷавмаст метавонистааст то ба ин дараҷа ба замини сахт бардошта  занад. Мард Ҳилми Дуран  ном дорад ва яке аз аввалин нафаронест, ки ҳанӯз соли 1995 ба Тоҷикистон бо мақсади тиҷорат ва сохтани корхонаҳо омадааст. Замоне ки ҳанӯз дар кишвар ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Аммо ҳоло аз омаданаш ба кишвари мо ҳазорон бор пушаймон аст. Пушаймон аз Ҳукумат не, аз мардуми тоҷик не, аз он нафаронест, ки  бо роҳи фиреб молу мулкашро соҳиб шудаанд ва имрӯз ҳатто роҳпулиро аз ёру дӯстонаш мегираду муҳлати будубошашро низ бо кумаки дӯстон дароз кардааст. Беҳтараш биёед худи ӯро мешунавем…

-Вақте ки Тоҷикистон соҳибистиқлол шуд, мо бо ниятҳои нек ба ин кишвар омадем ва ман дар оғоз ба тиҷорати қолинҳои туркӣ машғул шудам. Намедонистам, ки оқибати хушбовариам маро то ин дараҷа сарсону саргардон мекунад.

-Магар молатон ба савдо нарафт?

-Не, баръакс. Тиҷорати ман сахт ривоҷ ёфт ва то замоне ки бо Қурбоналӣ шинос шудам, аллакай ду дӯкони қолинфурӯшӣ доштам ва молҳои истеҳсоли худамро савдо мекардам. Зеро дар Туркия фабрикаи қолинбофӣ доштам ва мехостам дар Тоҷикистон ҳам чунин фабрика ё сех созам…

-Қурбоналӣ кист ва чаро аз ӯ шикоят доред?

-Ҳама гап аз ҳамин сар шуд, ки дар корхонаи ман Бибираҷаб ном зан фаррош буд, ки шавҳараш дар Русия мардикор будааст. Бибираҷаб Воҳидова фарроши  корхонаи як афғон буд, ки бо ман дар тиҷорат ҳамкорӣ мекард.  Ин зан, ки зиндагиаш вазнин буд ва ҳамон вақт чор фарзанд дошт, аз ман хоҳиш намуд, ки шавҳарашро ба кор гирам. Раҳмам ба ин оилаи серфарзанд  омад ва шавҳари ӯ Қурбоналӣ Мирзоевро даъват карда,  ҳамчун ронанда ба кор қабул кардам. Дар оғоз Қурбоналӣ ба корҳои ман кумак мерасонд, чун ман забони тоҷикиро ҳанӯз он қадар хуб намедонистам, аз номи ман дар сохторҳои расмӣ баромад мекард . Барои он, ки ӯ ба боварии ман даромада буд, ман корҳои вобаста ба сохторҳои расми бударо ба ӯ месупоридам ва Қурбоналиро муҳосиби худ таъин намудам. Ӯ ҳамаи ҳисобу китоби фирмаро бо идораи  андоз ва дигар сохторҳо ба фаъолияти мо вобастаро  анҷом медод. Барои ин кор чӣ қадар маблағеро, ки мепурсид, ман медодам. Ана,  баъд сар шуд…

-Ин мардаки содаи хушбовар  тамоми ихтиёри тиҷораташро ба дасти Қурбоналӣ супорид ва ман аз ин чиз хабар надоштам,-ба гап ҳамроҳ мешавад Саида, ҳамсари Ҳилми Дуран, — То замоне, ки як нафар корманди ВКД, ки ҳамчунин, муҳофизи шавҳарам хизмат  мекард, ӯро огоҳ накард, ки инҳо туро фиреб мекунанд, ман аз ин гапҳо хабар надоштам…

-Охир дар вақташ ман ба ӯ  ёрӣ расонидам ва гумон кардам, ки ба ивази ин курнамакӣ намекунад…, -луқма мепартояд Ҳилми

-Шумо оилаи Ҳилмӣ ҳастед?

-Бале, ман соли 2006 ба ин мард ба шавҳар баромадам, зеро шавҳари аввалаам маро партофта, ба Русия  рафта, бедарак шуд. Мо як тифл дорем, ки ӯ ҳам бо иллати модарзод ба дунё омад ва фишори мағзи сар дорад. Мирзоев  ба Ҳилми мегӯяд, ки  чун ту шаҳрванди Тоҷикистон нестӣ, биё фирмаро ба номи ман кун, ҳамаи корҳоро худам мекунам ва ба ту фоидаашро медиҳам. Чун Ҳилми ба Туркия бисёр сафар мекард, ӯ  ҳисобу китоби фирмаро пурра ба ихтиёри Мирзоев ва зани ӯ Бибираҷаб дода буд. Онҳо, ки чизе надоштанд, соҳиби бӯстонсарою  коттеҷҳо ва ҳар кадоме соҳиби мошинҳои гаронбаҳо шуданд…

-Баъд чӣ шуд?

-Соли 2010 ман дар Туркия ба садамаи автомобилӣ дучор гардидам ва 7 маротиба ҷарроҳӣ шудам. Маблағи зиёдеро сарф кардам ва боз ниёз ба ҷарроҳӣ дорам. Вақте ки  ба ҳамкори тоҷики худ, ки ӯро соҳиби дороӣ карда будам, муроҷиат намудам ва хостам, ки як қисми амволамро фурӯхта, ба табобати худ сарф кунам,  ӯ  гуфт, ки ман аз ту чизе нагирифтаам,  додам ба фалак печид. Баъд  ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намудам, аммо бенатиҷа, зеро  хеши зани ин мард  Ҳоҷӣ Ҳалим буд. Ҳамон генерали шӯришӣ, ки бар зидди Ҳукумат бархосту кушта шуд. Чун ин генерал аз сари кор дур шуд, дубора ба сохторҳо муроҷиат намудам. Қурбоналӣ Мирзоев дар баёноти худ розӣ шуд, ки як қисми маблағи маро, яъне 127 ҳазор долларро бармегардонад. Аммо баъдтар аз ҳамин ҳам даст кашид.

-Зани ӯ мегуяд, ки “дар боло падар дорад” ва мо онҳоро ҳеҷ кор карда наметавонем. Мо намедонем, ки “падар” – и ӯ баъд аз Ҳоҷӣ Ҳалим кист ва чаро як марди хориҷиро дар Ватани мо ин қадар фиреб медиҳанду  саргардон мекунанд,-ба гап ҳамроҳ мешавад зани Ҳилми.

— Ин шахс ба ҷуз амволи фирмаи ман боз як мошини “Тойёта Королла”-ро, ки шахсан худам аз Хуҷанд харида оварда будам ва боз  як хонаи маро, ки ба номаш номнавис карда будаму дар минтақаи Автовокзали Душанбе  қарор дошт, соҳиб шуд.  Бо маблағҳои ман фарзандонашро калон ва соҳиби хонаю дару мошин кард, вагарна, ӯ як муҳоҷири меҳнатие беш набуд. Ниҳоят, ба ҷои он,ки дар вазниниҳо маро дастгирӣ кунад, кӯрнамакӣ кард. Ҳоло ҳам агар ба бозори “Корвон” ва ё “Султони Кабир” равед, қолинфурӯшони ин бозорҳо маро хуб мешиносанд ва аз ҳар чӣ ба сарам ин одам овард,   огоҳанд. Онҳо танҳо “ноинсоф” мегуянду аз дасташон коре намеояд. Гуноҳи ман танҳо дар ҳамин аст,ки шаҳрванди хориҷиам ва ин мард аз чунин ҳолати кор истифода бурд.

Ман аз оғоз мехостам, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолияти худро ба роҳ монаму дар ин ҷо низ корхонаҳо  бунёд кунам. Ҳатто сехи қолинбарорӣ ҳам сохта будам, аммо аз сабаби он, ки дар вақташ кишвари Ӯзбекистон газро қатъ намуд, (кори ин сех вобаста ба ҳамин намуди сӯзишворӣ буд) он фаъолияташро қатъ намуд.

-Ҳоло чӣ мехоҳед ва мақсад аз муроҷиати шумо чист?

-Ҳоло ба воситаи баъзе шиносҳои умумиамон зану шавҳар Қурбон Мирзоев ва Бибираҷаб Воҳидова таҳдид карда истодаанд,ки ба хубӣ аз Тоҷикистон баромад равам, вагарна… Охир Тоҷикистон барои  ман ватани дуюмам шудааст, ман дар ин ҷо зану фарзанд дорам, дар ин ҷо молумулк дорам, ки алҳол онҳо соҳиб шудаанд  Мо танҳо як мақсад дорем, ки ноинсофҳо сари инсоф биёянд ва бигӯем,ки моли кас ба каси дигар насиб намекунад. Аз оҷизии дигарон истифода бурда, ғасб намудани моли касон оқибати нек надорад. Ҳамчунин, мехоҳем, ки адолат барқарор гардад ва сохторҳои масъул ақаллан бо назари некхоҳона ба ҳама яксон, новобаста ба худию бегона будани ҷабрдида  нигаранду ин адолатро барқарор созанд…

…Вақти гусел ин ҷуфт аз ҷой баробар бархостанд ва зани Ҳилми аз дасти ӯ гирифта, ба сӯи баромадгоҳ қадам ниҳод. Қомати ҳар ду хамида буд ва дар дил гуфтам, ки дар тамоми дунё, новобаста  ба миллату шаҳрвандӣ,  мардуми ноумед аз дунёю аз  зиндагӣ яксонанд. Худо кунад, ки қомати ин ҳар ду дубора рост шавад, зеро ин ҷуфт он  қадар пири барҷомонда нестанд, фақат беадолатӣ онҳоро ба ин ҳол овардааст…

Аз идора: Вақте ки маводи мазкур омодаи чоп мешуд, Саида, ҳамсари  Ҳилми Дуран  занг зада,  дар бораи таҳдиди навбатии ҳамсари Мирзоев- Бибираҷаб, ки дар як сохтори соҳаи   маорифи кишвар фаъолият дораду редаксия аз ифшои ҷои кори ӯ худдорӣ намуд,  хабар дод. Ӯ  ҳамчунин гуфт, ки ин оила дӯстони онҳоро огоҳ намудаанд, ки дар ҳолати кумак расонидан ба Ҳилми ва оилаи ӯ  аз худ гила кунанд. Умед дорем, ки ин ҳолатҳо мавриди таваҷҷуҳи сохторҳои масъул қарор хоҳад гирифт.

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *