Фоҳишахона дар “Қаратоғ”-и Ҳисор

Бино ба иттилои ВКД дар санаи 17.07.с.2017, бо доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия зани 35-солаи сокини шаҳри Ҳисор, корманди пансионати муолиҷавии “Қаратоғ”-и шаҳри мазкурро ҳамчун гумонбар дар ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона дастгир намуданд.

Номбурда, санаи 15.07.с.2017, тахминан соати 15:00-дақиқа, дар яке аз ҳуҷраҳои пансионати зикргардида, ба шаҳрвандон: зани 24-солаи сокини н.Шаҳринав ва марди 29-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 140-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Ҳамчунин муайян карда шуд, ки ӯ бо ҳамин роҳ дар яке аз ҳуҷраҳои пансионати мазкур ба шаҳрвандон: зани 32-солаи сокини шаҳри Турсунзода, ҷавонони 22, 26-солаи сокинони н.Шаҳринав ва зани 29-солаи ҳамин ноҳия барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам намуда, аз онҳо 140-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
Нисбати ин далелҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *