Форуми дуюми сулҳи Фарғона. Баррасии  фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ

28 сентябр дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд Форуми дуюми сулҳи Фарғона таҳти унвони «Водии Фарғона: фазои сулҳ, эътимод ва шукуфоӣ» оғоз ёфт. Ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи коршиносӣ, илмӣ ва шаҳрвандии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро гирди ҳам оварда, ба масъалаҳои сулҳ, ҳамсоягии нек, амният, рушди иқтисодӣ ва ҳамкории фаромарзӣ бахшида шудааст.  


Форум рӯзҳои 28-29 сентябр дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон баргузор мешавад ва ба солгарди қабули Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ бахшида шудааст. Ташкилкунандагони он Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд буда, чорабинӣ бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мегардад.
Форумро директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода ифтитоҳ кард. Ӯ дар суханронии худ таъкид намуд, ки водии Фарғона танҳо як фазои ҷуғрофӣ нест, балки минтақаест, ки таърихи муштарак, робитаҳои инсонӣ, фарҳанг, тиҷорат ва суннатҳои ҳамсоягии нек мардуми се кишварро ба ҳам мепайванданд.
Ба гуфтаи ӯ, мардуми ин минтақа дар тӯли асрҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ карда, тиҷорат намуда, аз ҳамдигар омӯхта ва дар ташаккули мероси фарҳангии муштарак саҳм гузоштаанд. Аз ҳамин ҷиҳат, сулҳ, эътимод ва ҳамсоягии нек дар водии Фарғона танҳо ба манфиати як давлат маҳдуд набуда, барои субот ва рушди тамоми Осиёи Марказӣ аҳамият доранд.
Дар маросими ифтитоҳ ҳамчунин, раиси вилояти Суғди Тоҷикистон, вилояти Бодканди Қирғизистон ва вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон низ суханронӣ карданд. Мавзуи асосии суханрониҳо таҳкими робитаҳои мустақими минтақаҳои ҳаммарз, рушди муколамаи минтақавӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ ва гуманитарӣ буд.
Яке аз мавзуъҳои муҳими форум аҳамияти Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ буд.
31 марти соли 2025 президентҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Хуҷанд ҳам Эъломияи дӯстии абадӣ ва ҳам Шартнома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишварро ба имзо расонданд. Коршиносон ин санадҳоро ҳамчун марҳалаи нави муносибатҳои сеҷониба ва намунаи муколамаи созанда арзёбӣ мекунанд.
Дар Форуми сулҳи Фарғона ин санадҳо ҳамчун асоси сиёсӣ ва ҳуқуқии таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ, эътимоди мутақобила ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ҳамин замина, иштирокдорони форум ба зарурати аз сатҳи санадҳои сиёсӣ ба ҳамкории амалӣ гузаштан ишора карданд.
Барномаи форум доираи васеи масъалаҳоро фаро мегирад.
Аз ҷумла, иштирокдорон дурнамои стратегии рушди водии Фарғона, таҳкими суботи минтақавӣ ва амният, густариши ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва саноатӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди ҳамкории фаромарзӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро баррасӣ мекунанд.    
Форум 29 сентябр идома меёбад. Рӯзи дуюми он таҳти унвони Рӯзи ягонагӣ баргузор мешавад. Ҳадафи он таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва эътимод миёни мардум ва ҷамоатҳои водии Фарғона ва рушди робитаҳои мустақим миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ арзёбӣ мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *