Саида Мирзиёева хостори татбиқи ҳукми қатл шуд

Саида Мирзиёева, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ӯзбекистон ва духтари Шавкат Мирзиёев, дар вокуниш ба қазияи зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба духтари 5-сола дар яке аз кӯдакистонҳои вилояти Намангон пешниҳод кардааст, ки ҷавобгарӣ барои чунин ҷиноятҳо ба ҳадди ниҳоӣ сахт карда шавад. Ӯ гуфтааст, ки аз назари шахсии ӯ барои чунин ҷиноятҳои вазнин ҳукми қатл бояд татбиқ шавад, ҳарчанд қонунгузории феълии Ӯзбекистон ин навъи ҷазоро пешбинӣ намекунад.
 
Мирзиёева: Хашмгин шудам!
Мирзиёева рӯзи 27 сентябр дар саҳифаи Telegram-и худ навиштааст, ки пас аз огоҳ шудан аз ҳодисаи Намангон хашмгин шудааст. Ба гуфтаи ӯ, барои чунин ҷиноятҳо бояд сангинтарин ҷазо пешбинӣ шавад ва ҳамзамон пешниҳодҳо барои тағйири қонунгузорӣ ва шадидтар кардани ҷавобгарӣ омода мешаванд.
Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки шахси гумонбар дар доираи қонун ба сахттарин ҷазои имконпазир рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва ҳамаи масъулоне, ки бо беэътиноӣ ба амнияти кӯдак роҳ додаанд, бояд ҷавобгар шаванд.
 
Дар Намангон чӣ рух дод?
Мақомоти Ӯзбекистон ҳодисаи эҳтимолии таҷовуз ба номуси духтари 5-соларо дар як кӯдакистони давлатии ноҳияи Учқӯрғони вилояти Намангон таҳқиқ мекунанд.
Тибқи иттилои Прокуратураи генералии Ӯзбекистон, моҳи сентябри соли 2026 дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаҳои 118 (таҷовуз ба номус) ва 112 (таҳдид ба куштор ё истифодаи зӯроварӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст. Як нафар боздошт шуда, тафтишот ба ихтиёри Прокуратураи вилояти Намангон супурда шудааст ва назорати он шахсан ба зиммаи Прокурори генералӣ гирифта шудааст.
Расонаҳои Ӯзбекистон навиштаанд, ки гумонбар мудири хоҷагии кӯдакистон ва марди 52-сола аст. Ӯ рӯзи 12 сентябр боздошт шуда, бо қарори суд ба ҳабс гирифта шудааст.
Қисми 4-и моддаи 118-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон барои таҷовуз ба номуси шахси то 14-сола аз 15 то 20 соли зиндон пешбинӣ мекунад. Омбудсмени кӯдакони Ӯзбекистон аз ҷомеа ва расонаҳо хостааст, ки барои ҳифзи шаъну шараф ва манфиатҳои кӯдак аз нашри маълумоти тасдиқнашуда худдорӣ кунанд. Ба кӯдак ва модараш кумаки равонӣ, тиббӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ расонида мешавад.
 
Пешниҳоди ҳабси якумрӣ
Дар пайи ҳамин қазия Шаҳноза Мирзиёева, муовини аввали роҳбари Оҷонсии миллии ҳифзи иҷтимоии Ӯзбекистон, низ аз пешниҳоди тағйироти ҷиддӣ ба қонунгузорӣ хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, Оҷонсӣ ҳамроҳ бо ниҳодҳои давлатӣ чанд моҳ боз бастаи пешниҳодҳоро барои таҳкими ҳифзи ҳуқуқу амнияти кӯдакон таҳия мекунад. Аз ҷумла, яке аз пешниҳодҳо ҷорӣ кардани ҳабси якумрӣ барои зӯроварии ҷинсӣ нисбат ба кӯдакон аст. Ҳамчунин, сухан аз пурзӯр кардани масъулияти волидон ва кормандони соҳаи маориф ва таъмини кумаки ҳуқуқӣ ба ҷабрдидагони ноболиғ дар тамоми марҳилаҳои тафтишоту мурофиа меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *