Гумшудаҳои Хоҷамастон ёфт шуданд, аммо…

Ҷасади падару писарро саҳарии имрӯз дар оғӯши ҳамдигар пайдо карданд

Тавре иттилоъ пайдо кардем, мурдаи Баён Салихови 45-сола, сокини деҳаи Зағертии Леваканд ва писараш Муҳтоҷиддини 14-соларо, ки ҳашт рӯз пеш ба ҷустуҷӯйи чорво ба кӯҳи Хоҷамастон рафта, бедарак шуда буданд, рӯзи 29-уми январ ёфтаанд.
Як сокини деҳаи Зағертӣ рӯзи 29-уми январ ба расонаҳо гуфтааст,ки «ҷасади падару писарро саҳарии имрӯз дар оғӯши ҳамдигар пайдо карданд». Ӯ афзуд, зоҳиран баъд аз боридани барфу фаромадани туман онҳо роҳро гум карда, аз сардӣ дар оғӯши ҳам ҷон бохтаанд.
Ҷасади сокини севуми деҳаи Зағертии Леваканд, Рустам Саидови 22-сола низ ёфт шудаст. Сокинони Зағертӣ, ки ба ҷустуҷӯйи ин се нафар ба кӯҳи Хоҷамастон рафта буданд гуфтаанд, ки ҷасади Рустам Саидовро тақрибан 400 метр дуртар аз Баён Салихов ва писараш пайдо карданд.
Рустам Саидов дар остонаи издивоҷ қарор дошта, ният доштааст, дар фурсатҳои наздик тӯйи арӯсиашро барпо кунад. Ҳамдеҳагон мегӯянд, ӯ алакай бо духтаре фотеҳа шуда буд ва охирин занги телефоние, ки аз вай омадааст, ба номзадаш будааст.
Сокинони деҳа мегӯянд, мақомот барои ёфтани се нафар як чархбол ва чанд саги бӯйгир доданд, аммо ҷасадҳоро сокинони деҳаи Зағертӣ ёфтанд. Дар чанд рӯзи охир ҳудуди 50 сокини кас довталабона ба ҷустуҷӯйи ҳамдеҳаашон баромада буданд. .
Қаблан Муродҷон Муҳиддинов, як масъули Идораи ҳолатҳои фавқулода дар шаҳри Леваканди вилояти Хатлон, гуфта буд, вақте онҳо бегоҳии панҷшанбеи гузашта ба ҷустуҷӯи чорво ба кӯҳ рафтанд, барф набудааст, вале шабона ҳаво тағйир карда, барфи зиёд боридааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон қаблан аз мардум хоста буд, дар рӯзҳои 22-23-юми январ ба кӯҳҳо нараванд ва низ ба ронандаҳо маслиҳат дод, дар сурати яхбандӣ ва ҳавои пурборишу сард, аз сафарҳои безарурат даст кашанд.
Охири ҳафтаи гузашта дар бисёре аз минтақаҳои Тоҷикистон барфи зиёд борид.
“озодӣ”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *