Тақвими рӯз: Аз зодрӯзи Шодӣ Сафар то ҷашни Сада

Имрӯз, 30 январ мавлуд доранд:

Абдусалом Қодиров (1941), 80-солагии зодрӯзи доктори илми биологӣ, профессор.

Игор Пянков (1936), 85-солагии зодрӯзи доктори илми таърих.

Шодӣ Сафаров (1951), 70-солагии зодрӯзи журналист.

Наҷмиддинхоҷа Ҳокимхоҷаев (1941-2011), 80-солагии зодрӯзи олими соҳаи химия.

Каромат Ҳоҷиева (1951), 70-солагии зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

 –60-солагии (1961) аввалин анҷумани китобдорони Тоҷикистон

30 ЯНВАР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Иди Сада–ҷашни хуҷастаи ниёгон. Сада ҳамчун яке аз ҷашнҳои бостонии миллати тоҷик аз ҷумлаи ҳамин ойинҳои эҳёшудаи мо буда, дар ҳамаи манотиқи мамлакат таҷлил карда мешавад.Тавре Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид гуфтанд: «Ниёгони мо панҷоҳ шабу панҷоҳ рӯзро то ҷашни Наврӯз ҳисоб карда, Садаро таҷлил мекарданд. Яъне Сада ҷашни омодагӣ ба Наврӯз буда, ин ду ҷашни қадима бо ҳам тавъам мебошанд. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ сабаби Сада номгузорӣ шудани ин ҷашн низ ҳамин аст».

***

Дар Озарбойҷон – Рӯзи кормандони хадамоти гумрук.

***

Дар Ҳиндустон – Рӯзи ёдбуди ҷанговарон дар роҳи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО: 30 январи соли 2017  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз – 2017-ро тасдиқ намуданд.

***

30 январи соли 1921 дар Англия  футболи занона манъ карда шуд.

***

30 январи соли 1948 дар шаҳри Санкт-Моритси Швейтсария маросими кушодашавии панҷумин Бозиҳои олимпии зимистона баргузор гардид (бозиҳо 8 феврал ба анҷом расиданд).

***

30 январи соли 2017 теннисбози швейтсариягӣ Роҷер Федерер панҷумин маротиба дар Чемпионати кушоди Австралия ғолиб омад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *