Х. Ғафуров: Устодони ДМТ дар Москва ҳам дарс мегӯянд

 

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ДМТ)  ҳамчун муассисаи олии таълимӣ  дар дохил ва берун аз ҷумҳурӣ обрӯву нуфузи махсус дорад. Яке аз самтҳои фаъолияти ДМТ  — ин робитаи байналмилалӣ бо донишгоҳу донишкада, марказҳои илмию таълимии хориҷӣ ҳисоб меёбад. Хабарнигори “Тоҷикистон” бо Хайрулло Ғафуров, проректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  суҳбате анҷом дод, ки фишурдаи он пешкаш мегардад.

 -Хайрулло Мирзамонович! Донишгоҳи миллии Тоҷикистон яке муассисаҳои олии  бонуфузи ҷумҳурӣ аст, ки дар тайёр намудани мутахассисони касбӣ нақши калидӣ дорад. Имрӯз сатҳи ҳамкории донишгоҳро бо муассисаҳои олии хориҷи кишвар чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Дарвоқеъ, аз замони таъсис то ба имрӯз дастпарварони ДМТ дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ барои рушду нумӯи Тоҷикистон содиқона хизмат менамоянд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати давлатдорӣ ва давлатсозии хеш  ва муносибат бо кишварҳои хориҷи дуру наздик сиёсати дарҳои бозро амалӣ менамоянд, ки ин роҳ воқеан самти судманд ва хирадмандона  будани худро амалан исбот намуд. ДМТ, ки муассисаи пешсаф ва  рушдкардаи илмиву таълимии Ватанамон маҳсуб меёбад, дар пайи амалӣ намудани сиёсати маорифпарваронаи Сарвари кишвар, бо мақсади  муаррифии илм  ва таҳсилоти тоҷик ба ҷаҳон бо муассисаҳои илмӣ ва  донишгоҳу донишкадаҳои олии хориҷ ба ҳамкориҳои илмию таълимӣ ва фарҳангии худ  тақвият мебахшад.  Агар ба доираи ин ҳамкориҳо аз рӯйи маълумотҳои оморӣ назар андозем, то соли 2013   ДМТ ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии хориҷӣ 67 шарномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расонида буд.  Имрӯз доираи ҳамкориҳои ДМТ бо муассиаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо  ба маротиб боло рафта, теъдоди созишномаҳои ҳамкорӣ ба  189 адад мерасад.

-Оё мушаххасан гуфта метавонед, ки равобити ДМТ асосан бо кадом муассисаҳои олӣ ба роҳ монда шудааст ва самараи ин ҳамкориҳо кадоманд?

-Наздики 70 шарномаи ҳамкории ДМТ бо муассиаҳои илмӣ ва  муассисаҳои таҳсилоти олии  Русия, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи давлатии Санк-Петербург, Донишгоҳи федералии Қазон, Донишгоҳи федералии Шарқи Дур, Донишгоҳи давлатии дӯстии халқҳо, Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва, Донишгоҳи давлатии  ҳуқуқшиносии Маскав, Академияи адолати судӣ, Донишгоҳи молиявии Санк-Петербург,  Донишгоҳи давлатии Алтай ва ғайра мебошад. Ҳамзамон, бо донишгоҳҳои пешрафтаи Осиёи Марказӣ –Донишгоҳи миллии Қазоқистон, Донишгоҳи Авруосиёии  ба номи Гумелев, Донишгоҳи миллии Қирғизистон, Донишгоҳи қирғизиву славянии Қирғистон, Донишгоҳи қирғизӣ-туркии Манас, Донишгоҳи давлатии  Туркманистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Синзяни Чин, Донишгоҳи давлати Пекин, Донишгоҳҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Донишгоҳу донишкадаҳои Эрон,  Донишгоҳи Марбурги  Олмон,  Донишгоҳи давлати  Руминия ва бо чанд донишгоҳҳои Амрико шартномаҳои ҳамкориро ба тасвиб расонидаем. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти мамлакат  пояи илмӣ ва лабаратории ДМТ имрӯз ҷавобгӯй ба талаботҳои байналмилалӣ гардидааст. Донишҷӯёну муҳаққиқон, устодону олимон аз Русияву Чин, Афғонистону Эрон, Қазоқистону Қирғизистон, Туркманистону  Эстония, Ироқу Арабистони Саудӣ, Судону Ҷумҳурии Корея, Озорбойҷону Руминия, Олмону Ҷопон ба ДМТ  ташриф меоваранд, ки қисмате ба таҳсил (дар зинаҳои бакалаврат, магистратура, аспирантура, докторантура, доктори фалсафа, доктор аз рӯйи ихтисос PhD), боқимонда барои таҷрибаомӯзӣ, забономузӣ, ширкат дар барномаҳои табодулӣ, такмили ихтисос, барои ширкат дар ҳамоишҳои илмӣ  фаро гирифта, аз  мактабҳои илмӣ дастоварҳои   олимони мо баҳравар мегарданд.  Имрӯз  Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва аз раёсати ДМТ даъват ба амал овардаанд,  ки дар пояи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ва факултети филологияи  тоҷик донишҷӯёни онҳо омада,  дар доираи барномаҳои табодулӣ ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Зеро  маҳз бо ибтикори ректори ДМТ, академик Имомзода Муҳаммадюсуф дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Москва   таҳсил аз рӯйи ихтисоси  забон ва адабиёти тоҷик   ба роҳ монда шуда, дар он донишгоҳ Маркази забон ва фарҳанги тоҷикӣ таъсис дода шудааст. Устодони мо, ба донишҷӯёни ин муассисаи олӣ аз забон ва фарҳанги тоҷик тадрис медиҳанд. Хушбахтона, соли ҷорӣ аввалин хатмкунандагони ин марказ соҳиби диплом гардида, озодона бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд. Ҳамчунин, бо ибтикори ректори донишгоҳ чунин Марказ дар Донишгоҳи давлатии Алтай низ  таъсис дода шудааст, ки  фаъолияти пурсамар дорад.

— Яке аз самтҳои бахши равобити ДМТ ин табодули барномаҳои омӯзишӣ ва фиристодани донишҷӯён барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат мебошад. Феълан чӣ қадар донишҷӯёни ДМТ дар муассисаҳои олии хориҷӣ таҳсил доранд?

— Баҳри иҷрои бандҳои ҷудогонаи созишномаҳои ба тавсиб расида, донишҷӯёни мо  имкон доранд барои идомаи таҳсил дар муддати аз  як нимсолаи таҳсилӣ то як соли хониш  ба хориҷи  кишвар фиристода шаванд. Имрӯз дар доираи ҳамкориҳои судманд донишҷӯёни мо ба муассиаҳои таҳсилоти олии Чину Русия,  Қазоқистон, Олмон, аспирантон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Русия ба тадрис фаро гирифта шудаанд.  Агар мо ба маълумотҳои оморӣ назар намоем, дар ин самт пешравиҳо хело назаррасанд. Масалан,  агар соли 2011  18 нафар ва соли 2012 — 27 нафар донишҷӯ барои таҳсил дар барномаҳои табодулии донишгоҳҳои хориҷи кишвар ширкат карда бошанд, пас  дар соли 2015 ва 2016 наздик ба 200 донишҷӯю аспирант аз ин имконият  истифода намудаанд.

-Дар ДМТ донишҷӯёни хориҷӣ низ таҳсили илм  мекунанд. Бештар ин таҳсилот  онҳо  дар кадом зина сурат мегирад?

—  ДМТ,  ки муассисаи  пешсафи илмиву таҳсилотии кишвар маҳсуб ёфта, дар он  имрӯз шаҳрвандони хориҷӣ аз рӯйи тамоми зинаҳои таҳсилот: бакалавриат, магистратура, аспирантура, доктори фалсафа, доктор аз рӯйи ихтисос (PhD)  ба таҳсил  фаро гирифта шудаанд.

  — Устодони донишгоҳ, аспирантон барои такмил додани корҳои илмии худ ба хориҷа сафар мекунанд?

-Яке аз ҳадафҳои асосии ДМТ ин омода намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазир ва дорои унвони илмӣ-омӯзгоридошта маҳсуб меёбад. Бо ин мақсад раёсати донишгоҳ кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамасола теъдони муайяни аспирантону унвонҷӯён барои таҷрибаомӯзӣ, натиҷагирӣ аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муҳокимаи рисолаҳои илмӣ  ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ равон гарданд. Агар дар соли 2012 ҳамагӣ 7 нафар аспиранти мо барои таҷрибаомӯзӣ ба макотиби олии хориҷ ҷалб шуда бошанд, пас дар соли таҳсили  2015-2016  84 нафар аспиранту унвонҷӯ, муҳаққиқон ва докторантон  бо дастгирии раёсати донишгоҳ сафарҳои илмии хориҷӣ доштанд. Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба дарёфти  роҳбарони илмӣ ва  муассисаҳои таҳсилоти  олии касбӣ ва марказҳои илмӣ, ки дар пояи он шӯроҳои диссертатсионии дифоъ фаъол ҳастанд, саҳм мегирад.  Ҳамзамон, бо пайгирӣ ва талошҳои  бевоистаи ректори донишгоҳ академик  Имомзода М.С. соли дуюм аст, ки бо истифода аз  муносибатҳои дуҷониба бо муассиаҳои ҳамкор  як қатор устодони ҷавон ва хатмкунандагони донишгоҳ  ба  аспирантураҳои мақсадноки  донишгоҳҳои Русия аз руйи ихтисосҳои имрӯз   ҷумҳурӣ  ниёздошта, фиристода мешаванд.

-Ҳамкории Донишгоҳи миллии бо корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон чӣ  гуна аст?

-Албатта, вохӯрӣ бо сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ пайваста дар сатҳҳои гуногун сурат мегирад. Имсол  бахшида ба 25- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии устодону донишҷӯёнро бо сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, ки муқими пойтахти кишваранд, баргузор намуд. То  ин муддат Сафирони  фақулода ва мухтори  Русия, Озарбойҷон, Қазоқистон, Амрико, Чин ва ҳамчунин сафири Канада дар Тоҷикистон, ки қароргоҳи он дар шаҳри Остонаи Қазоқистон мебошад, бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбатҳои судманд анҷом доданд. Ин вохӯриҳо имкон медиҳад, ки аз яктараф равобити ҳасанаи донишгоҳ бо корпусҳои дипломатии муқими кишвар ва тавассути онҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии мамолики хориҷ вусъати тоза ёбанд, аз тарафи дигар намояндагони корпусҳои дипломатӣ   аз сатҳи рушди илм ва таҳсилоти олии кишвар, сифати таҳсилоти олӣ аз наздик ошно гарданд.

Ҳамчунин, дар соли сипаришуда ҳудуди 30 ректори донишгоҳу донишкадаҳои олии мамолики дуру наздик шахсан бевосита, ҳамчунин  бо ҳайати ҳамроҳонашон ташриф оварданд.   Масалан, зимни  сафари ректори Донишгоҳи давлатии Беларус, академик Абламейко С.В. ба ДМТ тавонистем, ки як факултети муштаракро аз рӯйи технологияи информатсионӣ таъсис диҳем. Дар ин факултети муштарак аз рӯйи ихтисососҳои амнияти компютерӣ, математикаи татбиқӣ, информатика мухатахассисон омода карда мешаванд.

Усмон Раҳимзода,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *