Журналистони Қирғизистон ба Тоҷикистон омаданд

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо ҳадафи шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол, таъриху фарҳанги ғании тоҷикон ва имкониятҳои сайёҳии кишвар, инчунин иштирок дар тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овард.

Сафари меҳмонон аз 22 то 27 март идома ёфта, онҳо дар ин муддат бо фаъолияти муассисаҳои телевизион ва радио, агентиҳои иттилоотӣ ва нашрияҳои кишвар, аз ҷумла медиахолдинги «Оила», шинос мешаванд.

Ҳамзамон, хабарнигорон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор, Норак ва ноҳияи Варзоб боздид менамоянд.

Дар доираи сафар намояндагони васоити ахбори оммаи Қирғизистон дар Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» иштирок намуда, бо суннату ойинҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои анъанавии тоҷикон аз наздик шинос гардиданд.

Меҳмонон ба фазои идонаи Наврӯз ва меҳмоннавозии мардуми тоҷик баҳои баланд дода, чунин сафарҳоро барои таҳкими ҳамкориҳои иттилоотӣ ва густариши робитаҳои дӯстона миёни Тоҷикистону Қирғизистон муҳим арзёбӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи июли соли 2025 гурӯҳи хабарнигорони Тоҷикистон низ ба Қирғизистон сафари ҷавобӣ анҷом дода буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *