Тоҷикистон барои бозӣ бо Филиппин омода мешавад

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Горан Стеванович барои омодагӣ ба бозии даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 муқобили Филиппин ҷамъомади тамринӣ баргузор мекунад. Машқҳои даста 23-юми март дар Душанбе оғоз мешаванд.

Бисту панҷ бозигар даъват шудаанд, ки 3 дарвозабон, 10 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар ҳастанд. Инҳо дарвозабонҳо Рустам Ятимов («Ростов», Русия), Олег Баклов («Турон Товуз», Озарбойҷон), Далер Азизов («Ҳосилот»); ҳимоятгарон Зоир Ҷўрабоев («Суғдиёна», Ӯзбекистон), Меҳрубон Каримов, Сайёди Ковусшо (ҳарду аз «Равшан»), Аҳтам Назаров («Вахш»), Манучеҳр Сафаров, Табрез Исломов, Содикҷон Қурбонов, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»), Фурқон Раҳимзода («Ҳосилот»), Ахмадҷон Шоев («Сардор»); нимҳимоятгарон Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Булғория), Эхсони Панҷшанбе, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Теренгану», Малайзия), Алишер Шукуров («Қизилқум», Ӯзбекистон), Амирбек Ҷўрабоев, Муҳаммадҷон Раҳимов (ҳарду аз «Истиклол»), Ҷовидон Хушвахтов («Барқчӣ»), Ҷамшед Махсумов («Равшан»); ҳамлаварон Шаҳром Самиев («Ал-Карма», Ироқ), Шериддин Бобоев («ПСМ Макассар», Индонезия), Рустам Соиров, Далер Шарипов (ҳарду аз «Истиклол») ҳастанд.

Ваҳдат Ҳанонов («Сипоҳон», Эрон) бинобар надоштани таҷрибаи бозӣ, нимҳимоятгар Амадонӣ Камолов («Гул Гуҳар») бинобар ҷароҳат доштан дар ин бозӣ ширкат намекунанд. Бозӣ 31-уми март дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор соати 19:00 оғоз мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *