Наврӯз – ойини эҳёи табиат ва худшиносии миллӣ

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст.

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Наврӯз яке аз кӯҳантарин ҷашнҳои мардумони ориёитабор мебошад, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун рамзи оғози зиндагии нав, эҳёи табиат ва ҳамоҳангии инсон бо олами ҳастӣ таҷлил мегардад. Маънои вожаи «Наврӯз» – «рӯзи нав» буда, он ба оғози соли нави хуршедӣ ва баробаршавии шабу рӯз дар фасли баҳор рост меояд. Ин падидаи табиӣ на танҳо як рӯйдоди осмонӣ аст, балки таҷассумгари оғози марҳилаи нави ҳаёт, бедории замин ва фаъолиятҳои созандаи инсон мебошад.

Наврӯз таърихи басо қадима дошта, пайдоиши он ба давраҳои бостонӣ мерасад. Бар асоси маъхазҳои таърихию адабӣ, аз ҷумла осори классикии форсу тоҷик, ин ҷашн ба номи шоҳони пешдодӣ, бахусус Ҷамшед пайванд дода мешавад. Дар осори таърихии “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ Наврӯз ҳамчун рӯзи нишастани Ҷамшед бар тахт ва оғози давраи адлу ободӣ тасвир шудааст. Ҳамчунин дар «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва осори Абурайҳони Берунӣ ба таъриху ойинҳои ин ҷашн ишораҳои муфассал оварда шудаанд. Ин маълумотҳо нишон медиҳанд, ки Наврӯз на танҳо як маросими мардумӣ, балки падидаи муҳими фарҳангиву тамаддунӣ мебошад.

Мазмуни аслии Наврӯз ба табиат ва қонуниятҳои он пайванди ногусастанӣ дорад. Баробаршавии шабу рӯз, гарм шудани ҳаво, эҳёи рустаниҳо ва оғози кишту кор – ҳамаи ин нишонаҳои гузариш аз сармо ба гармӣ ва аз хомӯшӣ ба ҳаракат мебошанд. Аз ин ҷиҳат, Наврӯз таҷассумгари пирӯзии нур бар зулмот, гармӣ бар сардӣ ва некӣ бар бадӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҷаҳони муосир Наврӯз дар кишварҳое чун Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Озарбойҷон ва дар бархе минтақаҳои Ҳиндустон, Чин ва Россия бо номҳои гуногун ҷашн гирифта мешавад. Ин густариш шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз падидаи фарҳангии фаромиллӣ ва умумибашарӣ гардидааст.

Эътирофи байналмилалии Наврӯз қадами муҳими ҷаҳонишавии ин ҷашн аст. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳодоти Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-уми март расман Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон гардида, ин ҷашн ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин иқдом шаҳодат медиҳад, ки Наврӯз на танҳо рамзи таърихи кӯҳан ва анъанаи миллии тоҷикон, балки падидаи фарҳангӣ ва умумибашарӣ мебошад, ки арзишҳои сулҳ, дӯстӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамоҳангӣ бо табиатро инъикос мекунад. Бо ин амал, Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муассир ва таърихии худро дар ҳифзи мероси фарҳангии башарият нишон дод ва Наврӯз ҳамчун падидаи фарогир ва муқаддас барои тамоми инсоният эътироф гардид.

Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз на танҳо як ҷашни тақвимӣ, балки мактаби ахлоқӣ ва иҷтимоӣ мебошад. Маросимҳое чун гулгардонӣ, тозакунии хона, пухтани суманак ва оростани дастархони идона рамзи покӣ, эҳё ва ҳамбастагӣ мебошанд. Суманак, ки аз сабзаи гандум омода мешавад, таҷассумгари зиндагӣ, фаровонӣ ва баракат аст. Омодагӣ ба Наврӯз – поксозии хона ва муҳит – рамзи поксозии ботин ва навсозии маънавӣ низ мебошад.

Дар шароити давлатдории навини тоҷикон Наврӯз ҳамчун омили таҳкими худшиносии миллӣ ва ваҳдати ҷомеа нақши муҳим мебозад. Тавре Пешвои миллат таъкид кардаанд, умри тӯлонии Наврӯз аз табиӣ будани он сарчашма мегирад, зеро он бо қонуниятҳои зиндагӣ ва фаъолияти созандаи инсон пайванди мустақим дорад.

Хулоса, Наврӯз падидаи нодири фарҳангӣ ва тамаддунӣ буда, дар худ арзишҳои таърихӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии миллатро таҷассум мекунад. Он рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав, ҳамоҳангии инсон бо муҳити зист ва таҳкими сулҳу дӯстӣ миёни халқҳост. Дар ҷаҳони муосир, ки инсоният ба ҳамгироӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ниёз дорад, Наврӯз метавонад ҳамчун пайвандгари маънавӣ миёни тамаддунҳо хизмат намояд.

Ҷамшед Хоҷаев,

ходими калони илмии Институти илмию тадқиқотии рушди устувор ва иқтисоди сабзи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *