Наврӯз-2026. Дар куҷо ва чӣ гуна таҷлил мешавад?

Дар рӯзҳои таҷлили Наврӯз, ки аксаран ҳудуди як ҳафта идома мекунад, дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки сокинон як қатор мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ баргузор мешаванд.

Душанбе 

Имсол чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”, соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.
Маросими истиқболи Наврӯз соати 4:00-и субҳи 21-уми март аз баландтарин нуқтаи шаҳр – Боғи Ғалаба оғоз мешавад. Дар ин соат аз чаҳор гӯшаи шаҳри Душанбе корвони Наврӯзӣ вориди пойтахт гардида, дар назди мақбараи Исмоилӣ Сомонӣ гирдиҳам меоянд.
Инчунин, имсол ҷашни Наврӯз дар пойтахт аз 19-ум то 28-уми март бо чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва барномаи консертӣ таҷлил мешавад. Дар ин рӯзҳо ҳар рӯз дар 4 ноҳияи шаҳр чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор мешаванд.
Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Наврӯз “Ҷашнвораи Наврӯзи Душанбе” (“Dushanbe Navruz Fest) баргузор мешавад. Он рӯзи 4-уми апрел соати 15:00 дар “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт оғоз гардида, то соати 22:00 идома меёбад.
Дар ҷашнвора ҳунармандони дохилӣ ва хориҷӣ ҳунарнамоӣ карда, намоиш ва фурӯши маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, таомҳои миллӣ ва шириниву нӯшокиҳо дар назар аст.
Ба ғайр аз ин, барои меҳмонони ҷашнвора барномаҳои гуногуни фароғатӣ, аз ҷумла бозиҳои варзишӣ ва зеҳнӣ, озмунҳо, намоишҳои театрӣ, гӯшаи аспсаворӣ ва барои фароғати кӯдакон майдончаҳои махсус ташкил мешавад.

Хатлон 

Дар вилояти Хатлон чорабиниҳои асосии наврӯзӣ дар шаҳри Бохтар рӯзи 21-уми март, соати 9:00 барпо мегардад. Илова бар ин, аз 22 то 25-уми март шаҳру ноҳияҳои ин вилоят Наврӯзро таҷлил мекунанд. Дар ин рӯзҳо дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд:

  • 22-юми март дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Ховалинг, Шамсиддин Шоҳин ва Носири Хусрав;
  • 23-юми март дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Норак, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Қубодиён, Муъминобод, Ҷайҳун, Панҷ, Хуросон ва Дӯстӣ;
  • 24-уми март дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Балҷувон, Шаҳритус, Фархор, Ҳамадонӣ, Темурмалик ва Абдураҳмони Ҷомӣ;
  • 25-уми март дар ноҳияҳои Вахш ва Восеъ.

Суғд ва ВМКБ 

Дар Суғд чорабинии асосии Наврӯз рӯзи 21-уми март дар Қалъаи Хуҷанд ва дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) рӯзи 23-юми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баргузор мегардад. 
Наврӯз имсол дар Тоҷикистон 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи халқи тоҷик буда, ҳамасола дар Тоҷикистон ва кишварҳои зиёди дигар, аз ҷумла Эрон, давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба таври густурда таҷлил мешавад. Ба ифтихори он дар ҳама шаҳру навоҳии Тоҷикистон бо иштироки сокинону мансабдорон чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ баргузор мешаванд.
Ин ҷашн ба Мероси фарҳангии ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дохил шудааст. Соли 2010 СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *