Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат дар пайи кумак ба муҳоҷирон аст

Дар мулоқоти сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо роҳбари ташкилоти байналмилалӣ доир ба муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Драган Алексоски ва роҳбари гурӯҳи Агентии Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико оид рушди байналмилалӣ (ИМА) Мери Тайлер Холмс масъалаҳои  муҳоҷирони меҳнатӣ, гирифтани патент, омӯзиши забони хориҷӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар ин вохӯрӣ ҳамчунин  масъалаҳои ташкили марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафар, гирифтани сертификат, гузаштани ташхиси тиббӣ, гузаронидани вохӯрию чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ байни муҳоҷирони меҳнатӣ муҳокима гаштанд.
Сардори Хадамоти муҳоҷират гуфт, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми  Хадамоти муҳоҷират бояд 10 адад Маркази машваратӣ ташкил карда шавад Дар айни замон  4 «Маркази машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ» дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Қурғонтеппа амал мекунанд.  Бо пайдо намудани маблағ ва шароити иқтисодӣ бунёди 6 маркази дигар Дар оянда ба нақша гирифта шудааст.
Кормандони Хадамоти муҳоҷират дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатӣ ва дигар мақомоти дахлдор бо аҳолӣ 710 вохӯрӣ бо ҷалби 59258 нафар гузарониданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015- 155 вохӯрӣ бо иштироки 13 512 нафар зиёд мебошад.
Ҳадаф аз гузаронидани чунин вохӯриҳо- ин, пеш аз ҳама, фаҳмонидани муқаррароти қонунҳои Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои будубош дар самти муҳоҷират, гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, гирифтани сертификат дар бораи донистани забони русӣ, таърих ва асосҳои давлати Федератсияи Русия, тартиби аз муоинаи тиббӣ гузаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва гирифтани патент барои кор, роҳ надодан ба қонунвайронкунӣ, эҳтиёт аз бемориҳои эҳтимолии сироятӣ, эпидемиологӣ, расонидани кумакҳои молиявию маънавӣ ба аҳли оила, нигоҳ доштани оила ва пос доштани асолати  он, арҷгузорӣ ба рамзҳои давлатӣ,миллию суннатӣ, инчунин риояи нангу номус ва одоби тоҷикона, баргузории ҷашнҳои давлатию миллӣ ва ғайра мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *