Хатлон: Ҳамоиш бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI-ум

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар конфронси илмӣ-амалии «Нақши Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи давлатдории навини тоҷикон» баргузор гардид.

Баргузории ин ҳамоиш ба ифтихори 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президенти кишвар будааст.

Ҳамоиш тибқи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав гузаронида шуд.

Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон, вакилони Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ Ғайбулло Авзалов, Адолат Раҳмонова, Эшбӯрӣ Эсанқулов, Амирхон Шамсов, собиқадорони меҳнат, ходимони давлатию ҷамъиятӣ ва дигарон иштирок карданд.

Қурбон Ҳакимзода гуфт: “Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, ки бо тадбирҳои хирадмандона, матонату ҷасорати фавқулодда ва зиракии сиёсии худ кишварро аз панҷаи боди фано раҳо кунанд ва ғурбатзадаҳоро ба ватан баргардонида, хуршеди сулҳу ваҳдат бо ибтикори ин фарзонафарзанди миллат дар осмони Тоҷикистони азиз нурафшонӣ намуд”.

Дар ин ҳамоиш ҳамчунин вакилони Иҷлосияи XVI-ум Ғайбулло Авзалов, Адолат Раҳмонова, Сайфиддин Давлатзода — ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Убайдулло Қурбонов — ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ва Нуралӣ Шоҳиён баромад карданд.

Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки “хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳу амният, бунёди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ, амалисозии ҳадафу ормонҳои миллӣ, аз ҷумла раҳоии мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, гомҳои устувор дар роҳи таъмини истиқлоли энергетикӣ, саноатикунонии кишвар, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва рушди устувори иқтисодӣ беназир буда, мардуми Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба даст гирифтан то ба имрӯз дар атрофи Роҳбари давлат сарҷамъу муттаҳид буданд ва садоқатмандона аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат пуштибонӣ мекунанд”.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.