андоз

Хатлон 167 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз дорад (аудио)

Дар вилояти Хатлон беш аз 167 миллиону 432 ҳазор сомонӣ бақияи қарзи андоз мавҷуд аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки то аввали соли 2022 ин қарз наздики 183 миллион сомонӣ будааст.

Сангин Саидзода, сардори шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки “дар 11 моҳи соли равон бақияи қарзи андоз ба андозаи 15 миллиону 357 ҳазор сомонӣ кам карда шуд, вале ҳанӯз пурра рӯёнида нашудааст. То охири сол ба қадри имкон қарз кам карда мешавад. Дар соли оянда тадбирҳо нисбати ҷамъоварии бақияи қарзи андозро пурзӯр хоҳем кард”.

Сангин Саидзода афзуд, ки дар кам кардани бақияи қарзи андоз чор ноҳия — Дӯстӣ, Панҷ, Балҷувон ва Ҷалолиддини Балхӣ қарзро зиёд кардаанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.