Хатлон. 2025 – Соли фарҳанги китобхонӣ эълон шуд
Дар шаҳри Бохтар маросими ҳавасмандсозии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм-фурӯғи маърифат» доир гардид.
Дар ин ҷамъомад Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон соли 2025 — ро “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон кард.
Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон дар ҷамъомад афзуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмҳояшон таъкид менамоянд, ки «Ҷавонони имрӯза бояд ҳамқадами замон бошанд, ба мутолиаи китоб машғул шаванд, чунки ояндаи миллат дар дасти ҷавонон аст».
— Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки бо мақсади тақвияти сатҳи донишу маърифати сокинон, аз ҷумла ҷавонону наврасон дар вилояти Хатлон соли соли 2025 – “Соли фарҳанги китобхонӣ” эълон карда шавад, — таъкид кард вай.
Дар ҷамъомади мавриди назар гуфта шуд, ки ҳадаф аз ин иқдом зиёд намудани шавқу ҳаваси сокинони касбу кори гуногун ба хониши китоб, мутолиаи асарҳои манзуму мансур ва эҷоди назму наср мебошад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҳамасола ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибони даврҳои вилоятии озмунҳо таваҷҷуҳ зоҳир дорад. Соли равон барои дастгирӣ ва ҳавасмандии ғолибону устодони онҳо, беш аз 1 миллиону 572 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба соли 2023-ум наздики 376 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ