Аблаҳе аз бом афтад…

Гуфтугӯи телефонии муҳоҷир бо падар

Писар: Салом дада, қурби урус паст шуд, акнун чӣ кор мекунем? Пулҳои урусии се сол ҷамъкардаи ман чӣ мешаваду ман акнун кай зан мегирам?

Падар: Салом, о ин айби худи шумо муҳоҷирон будааст ку…

Писар: Мо чӣ кор кардем, ки шумо ин тавр мегӯед? Гуноҳи мо чист?

Падар: Ман нагуфтаам, балки инро вакили Думаи давлатӣ рафиқ Матвеев дар тамоми дунё эълон кард ку… Асло хап намешинед дия, писарҷон!

Писар: Дадаҷон, бахудо, ки мо ба пул-мули Русия кордор нашудаем, инҳо аз худашон ҳар гапро мегӯянд. Ин Матвееватон худаш…

Падар: Не, “Матвеевамон худаш” не, ӯ виҷдони тозаи коммунистӣ дорад. Вақтҳое, ки ман ҳам коммуннист будам, ана ҳамин хел будам…

Писар: Охир, наход муҳоҷире, ки дар Русия пули аз ҳама камтаринро мегираду боз аз он 13 миллиардашро бо роҳи гирифтани патенту супоридани андоз бозгашта ба худи урусҳо медиҳад, қурби пули онҳоро паст кунад? Ин қадар ҳам не дия…

Падар: Пас, сабаби ин чист, ки рубл паст шавад ҳам, муҳоҷирро гунаҳгор мекунанду Крокусашонро тарконанд ҳам, бе далели қатъӣ тоҷик гунаҳгор аст? Ё ин ки, “Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад…?”.

Писар: Ба ин саволатон, дадаҷон, як иқтисодшиноси тоҷик қаблан беқурбшавии рубли русиро ба ҷанги Русия дар Украина рабт дода гуфта буд: “Якум, таъсири таҳримҳое, ки кишварҳои Ғарб ба иқтисодиёти Русия ҷорӣ кардаанд, дуюм, маҳдуд кардани тиҷорат бо кишварҳои аврупоӣ, нафту газу дигар маҳсулот, ки хеле даромади асъории бузург меовард ба Русия. Сеюм, фурӯши нафту газ ба давлатҳои Шарқ бо нархи паст”.

Падар: Ин тавр бошад, писарҷон, зудтар ба хона баргард, ки боз ягон балои дигаре ба саратон наоранду туҳмати дигаре ана ҳамин Матвееву ҳамсафонаш накунанд… ”Сарфаи сари оташдон, беҳ аз савдои Ҳиндустон” гуфтаанд… Як зангирӣ бошад, ҳоло ҳукумати худамон онро ба танзим даровардааст, як бало мекунем…

Писар: Магар туҳмати аз ин сахттар ҳам мешавад?

Падар: Мешавад, масалан агар дар Думаи Русия, ки ҳамасола камшавии таваллудро таъкид мекунанду гунаҳгор меҷӯянд, ҳаминро ҳам ба сари шумоён назананд мегӯям дия…

Писар: (пас аз лаҳзае сокит будан)Пас, зангириро фаромӯш кунам?

Падар: Бале, то баланд шудани қурби “урус” камтар сабр кун бачаҷон…

Писар: Агар қурбаш баланд шаваду аз афтодан бозмонад…

Падар: Бале писарам, насиҳати маликушшуаро, яъне подшоҳи шоирони Шарқро ба гӯш гир, ки гуфтааст: “Гар дасти фитодае бигирӣ, мардӣ…”.

А. Ҳоҷӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *