Ба бинои нави Кумитаи андоз санги асос гузошта шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.
Субҳи 5-уми декабр Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба оғози корҳои сохтмонии бинои Кумитаи андоз санги асос гузоштанд.


Бинои Кумитаи андоз аз 4 бинои 3 ва 16 ошёнаву таҳхона иборат буда, дорои 12 маҷлисгоҳи барҳаво, толор бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона бо 160 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.
“Бинои нав дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар масоҳати 9 ҳазору 145 метри мураббаъ сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонида мешавад”-иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти Сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки дар иншооти бунёдшаванда, 15 раёсат ва 36 шуъбаи кумитаи мазкур ҷойгир гашта, дар он 360 корманд фаъолият хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ