налог

Хатлон: Бақияи қарзи андоз беш аз 14 миллион сомонӣ кам карда шуд

Дар соли 2022 бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон 14 миллиону 577 ҳазор сомонӣ кам карда шуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз бақияи қарз беш аз 168 миллион сомонӣ аст.

Сангин Саидзода — мудири шуъбаи баҳисобгирӣ ва таҳлили даромадҳои Раёсати андоз дар вилояти Хатлон ба Pressa.tj иттилоъ дод, ки дар соли 2022 бақияи қарзи андоз 14 миллиону 779 ҳазору 912 сомонӣ кам карда шуд. Ӯ мегӯяд, ки аз 25 шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон танҳо ноҳияи Дӯстӣ бақияи қарзро кам карда натавонисту халос. Боқимонда шаҳру ноҳияҳо бақияро кам кардаанд.

— Ҳоло бақияи қарзи андоз дар вилояти Хатлон 168 миллиону 211 ҳазору 948 сомонӣ аст. Дар соли 2023 ҳам тадбирҳо барои рӯёнидани қарз андешида мешаванд,- афзуд ӯ.

Машраби АЛОВИДДИН

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.