Хатлон. Бозсозии 540 километр роҳ бо саҳми соҳибкорон
Дар вилояти Хатлон соли 2025 танҳо бо саҳми соҳибкорон ва сокинони ташаббускору саховатманд наздики 540 километр роҳи мошингард бозсозӣ карда шудааст.
Исмон Тағайбекзода, сардори Муассисаи давлатии Идораи хоҷагии роҳҳои автомобилгарди минтақаи Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки дар соли 2025 сокинон дар мумфаршкунии роҳҳои мошингард саҳми назаррас гузоштанд.
Ӯ мегӯяд, бо саҳми онҳо 539 километр роҳ мумфарш ва беш аз 590 километр роҳ сангфарш шудааст.
Ба таъкиди вай, дар роҳҳои дигар қубур ва пули мошингузар ҳам таъмир шудааст.
“Саҳми соҳибкорону шахсони саховатманд дар таъмиру мумфаршкунии роҳҳои мошингард дар соли 2025 дар маҷмӯъ беш аз 292 миллион сомонӣ аст. Мо умед дорем, ки дар соли оянда ҳам соҳибкорону саховатмандон дар таъмири роҳҳои мошингард саҳми муносиб мегузоранд”, -гуфт ӯ.
Исмон Тағайбекзода мегӯяд, аз ҳама бештар дар ноҳияҳои Ёвон, Қубодиён, Фархор ва ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ роҳҳо мумфарш гардиданд.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ