Аввалин сарвазирзани Бангладеш даргузашт

Холида Зиё, нахустин сарвазири зан дар таърихи Бангладеш дар синни 80-солагӣ даргузаштааст.

Дар ин бора расман “Ҳизби Миллӣ-BNP” хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ,  хонум Зиё пас аз як бемории тӯлонӣ 30–юми декабр,  дар беморхонаи “Evercare”-и шаҳри Дакка вафот кардааст.

Холида Зиё ҳамчун як раҳбари пуртаҷриба ва нақши муҳим дар таърихи сиёсии Бангладеш маъруф буд, аз ҷумла дар барқарории демократия баъд аз замонҳои ҳукумати низомӣ ва дар рақобати тӯлонии сиёсӣ бо Шайх Ҳасина.

Холида Зиё се маротиба сарвазир шудааст, ки солҳои 1991-1996, 2001 ва 2006 мебошад.

Шайх Ҳасина аз соли 2009 роҳбари ҳукумати Бангладеш буд, моҳи августи 2024 дар пайи эътирози саросари барканор шуд, ба Ҳиндустон фарор кард.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *