Ҳавошиносон аз хатари сел ва хокбориш ҳушдор медиҳанд
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз эҳтимоли омадани сел дар як қатор ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳӣ ва бадшавии сифати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кишвар рӯзҳои 4–5 август ҳушдор дод.
Ба иттилои ин ниҳод, дар ноҳияҳои кӯҳиву доманакӯҳии тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва қисми ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи омадани сел вуҷуд дорад.
Ҳамзамон, дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе бинобар ворид шудани чангу ғубор аз самтҳои ҷанубӣ ва ҷанубу ғарбӣ сифати ҳаво бад мешавад.
Ба гуфтаи Агентӣ, дар ҳаво консентратсияи зарраҳои майдаи чанг, аз ҷумла PM10 ва PM2.5, зиёд шуда, метавонанд ба саломатӣ, махсусан ба шахсони гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, таъсири манфӣ расонанд.
Агентии обуҳавошиносӣ ба сокинон тавсия додааст, ки дар рӯзҳои номусоиди обу ҳаво эҳтиёткор бошанд, то ҳадди имкон вақти будубош дар ҳавои кушодро кам кунанд ва ба огоҳиҳои расмӣ таваҷҷуҳ намоянд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ