Аз омӯзгорӣ то сарвазирӣ.Ҷамшед Каримов 86-сола шуд (видео)
4 август зодрӯзи иқтисодшинос, ходими барҷастаи давлатӣ ва собиқ Сарвазири Тоҷикистон Ҷамшед Каримов аст.
Ҷамшед Каримов 4 августи соли 1940 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, солҳои 1962–1981 дар кафедраи иқтисодиёти саноатии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ба таълиму тарбия ва фаъолияти илмӣ машғул буд.
Ӯ аз чеҳраҳои шинохтаи соҳаи иқтисод ва идоракунии давлатӣ буда, солҳои 1994–1996 вазифаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистонро бар зимма дошт.
Дар тӯли фаъолияти худ Ҷамшед Каримов дар ташаккули сиёсати иқтисодӣ, такмили идоракунии давлатӣ ва рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон саҳми назаррас гузошта, бо хизматҳои арзишманди худ дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон нақши муҳим гузоштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ