Тақвияти ҳамкории ДБССТ бо муассисаҳои пешрафтаи Чину Ҷопон
Ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода бо намояндагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкилоти Ҷопону Чин дар ҳайати раиси Ассотсиатсияи умумимиллии иқтисодӣ ва ҳамкории Ҷопон Чжан Юншэн, президенти Корпоратсияи таълимии Донишкадаи фарҳанг ва санъати Ҷопону Чин доктор Ҳан Эйҳоу, ректори Коллеҷи сайёҳӣ ва фарҳанги Коясан ва намояндаи хориҷии Ассотсиатсияи роҳбарони муассисаҳои таълими забони ҷопонӣ Ин Ҳунъян мулоқот намуд.
Тавре ки аз донишгоҳи мазкур хабар доданд, дар мулоқот масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкорӣ баррасӣ гардиданд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкории байналмилалӣ, ташкили барномаҳои табодули академии донишҷӯён ва омӯзгорони ҷонибҳо, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва илмӣ, ташкили даврҳои омӯзишии кӯтоҳмуддат ва такмили ихтисос, ҷалби донишҷӯёни хориҷӣ, инчунин рушди ҳамкорӣ дар самтҳои сайёҳӣ, дипломатия ва забонҳои хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд.


Ҳамзамон масъалаҳои таҳияи санадҳои нави ҳамкорӣ байни донишгоҳ ва муассисаҳои таълимии Ҷопону Чин, ташкили чорабиниҳои муштараки байналмилалӣ ва густариши табодули таҷрибаи илмӣ ва академӣ баррасӣ гардиданд.
Дар анҷом ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкории судманд ибрози омодагӣ намуданд. Таъкид гардид, ки татбиқи ташаббусҳои муштарак метавонад барои баланд бардоштани сатҳи байналмилалии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва рушди робитаҳои илмиву таълимӣ бо муассисаҳои пешрафтаи Ҷопону Чин заминаи мусоид фароҳам оварад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ